Formula september
Туркия дар Душанбе маркази додани виза ташкил кард
218

 

Сафорати Туркия дар Душанбе маркази додани раводид ё виза таъсис дод. Дар ин бора аз Сафорати ин кишвар ба Oila.tj хабар доданд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти ин маркази визадиҳӣ рӯзи 5-уми август оғоз хоҳад шуд. Ин тасмим пас ҷорӣ шудани виза барои сафари тоҷикон ба Туркия гирифта шуд.
Ба зикри масъулини Сафорати Туркия, дар ин марказ раводиди сайёҳӣ, корӣ ва таҳсилу тиҷорат медиҳанд. Дархостҳо оид ба гирифтани ҳама намуди раводидҳои Туркия тавассути маркази дархости сабтшуда сурат мегирад.

Маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳои лозимаеро, ки барои дархости раводид ба маркази зикршуда лозиманд, шаҳрвандон метавонанд тавассути тамос ба марказ дастрас намоянд. Барои дархости раводид аз қабл таъиноти вақт барои вохӯрӣ шарт нест. Дархостҳо барои раводидро метавон дар давоми соатҳои кории муайяншуда пешниҳод намуд.

Марказ ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 09:00 то 17:00 фаъолият карда, дар суроғаи маркази тиҷоратии “Созидание” (кучаи Айнӣ 48, бинои Б, ошёнаи 2) ҷойгир аст.

Барои дарёфти номгӯи ҳуҷҷатҳо метавон тариқи телефони 991 239 999, сомонаи интернетии https://abcvisa.net/, почтаи электронии [email protected], саҳифаи инстаграми abc.visatj муроҷат кунанд.

Дар сурати дуруст будани ҳуҷҷатҳои дархосткунанда муҳлати таҳияи виза аз 3 то 5 рӯзро дар бар мегирад. Нархи виза барои сафар ба Туркия аз 60 то 190 доллар муқаррар шудааст. Арзиши виза барои сафари яккарата 60 доллар ва барои сафари бисёркарата 190 доллар нарх дорад.

Ёдовар мешавем, ки Туркия дар моҳи апрели соли 2024 барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон раводид ҷорӣ кард. Вале ҳангоми интихоби ин кишвар ба ҳайси масири транзитӣ аз шаҳрвандони мо виза талаб карда намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД