formula
Турсунзода: Ҷиянро барои куштори тағо 9 сол ҳабс карданд
949

 

Дилбар Сайфутдиноваро барои қатли тағояш равонаи зиндон карданд. Номбурда бо мақсади соҳиб шудани хонаи тағояш нақшаи ба қатл расонидани Ҷаҳонгир Сайфутдиновро кашида, соати 1и 11 июни соли ҷорӣ ба хонаи ӯ меравад.

Дилбар дар ҳолати сахти мастии қарор доштани тағояш, ки медонист ки ба ӯ муқобилият нишон дода наметавонад, бо дасти росташ зарбаи сахт ба рӯяш задааст. Номбурда ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархурда беҳуш мешавад. Дилбар барои анҷом додани қасди худ пойи росташро ба гулӯяш гузошта буғӣ карда, ба қатл расонидааст.

Бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш ҷасадро дар қолини дар ҳуҷра буда печонида, онро ба автомашинаи кирокардааш бор карда, ба манзили иҷораашон равон мекунад ва мегӯяд, ки тағояш бар асари истеъмоли зиёди машрубот ба ҳалокат расидааст.

Суди шаҳри Турсунзода, тибқи моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Сайфутдитнова ба муҳлати 9 сол озодӣ маҳрум карда шуд, хабар додааст, Прокуратураи Генералии Тоҷикистон.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД