formula55
ТВ Кӯлоб ба формати HD гузашт
353

Пахши барномаҳои Телевизиони Кӯлоб ба формати баланди HD гузашт. Дар ин чорабинӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Бо мақсади фаъолияти босамар ва мукаммалсозии фазои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 2700 –солагии Кӯлоб бинои Телевизиони Кӯлоб бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуда буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Телевизиони Кӯлоб бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, таҷҳизоти мавҷпахшкунандаи баландиқтидор ва нақлиёт таъмин гардид.

Телевизиони Кӯлоб соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз ҳамчун муассисаи сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД