Утеря
Ҷудокорони тоҷик дар Гран-прии Тошканд ду медал ба даст оварданд
26.11.2026
Kamoliddin
60

Ҷудокорони тоҷик дар Гран-прии Тошканд ду медал ба даст оварданд

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи Гран-прии кадетҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) миёни варзишгарони то 18-сола, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, соҳиби ду медал гардид.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 14 варзишкор намояндагӣ карданд. Дар натиҷаи рақобатҳо дастаи кишвар бо ду медал мақоми панҷумро дар ҳисоби даставӣ ишғол намуд.

Муҳаммаданис Солиҳов дар вазни то 55 кг бо шикаст додани чор ҳариф ба гирифтани медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд. Шамил Исмоилов бошад, дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамин тавр, ҷудокорони навраси тоҷик мусобиқаро бо як медали тилло ва як биринҷӣ ҷамъбаст карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД