Дирӯз, соати тахминан соатҳои 21-и шом дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ду аксбардор бо ҳам муноқиша кардааст ва ин моҷаро боиси лату кӯб шудани яке аз онҳо гаштааст.
Як шоҳида ҳодиса бо шарти ошкор накардани ному насабаш ба хабарнигори сомонаи Оила-ТЧ гуфт, яке аз аксбардорон зан буда, ҳамкасбаш Умед барои пул шуда, ӯро бераҳмона лату кӯб кардааст. Моҷарои ду суратгир аз пушти “клиент” ва нуқтаи аксбардорӣ сар задааст. Онҳо дар аввал муноқишаи лафзиро сар карда, якдигарро дашномҳои қабеҳ медиҳанд, баъдан косаи сабри Умед лабрез гашта, зани суратгирро зери мушту лагад мегирад. Роҳгузарон базӯр онҳоро ҷудо карда, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг мезананд. Суратгирзани аз ҳамкасбаш шаттахӯрдаро бо сару рӯйи хуншор ба беморхона интиқол доданду ҳомиёни тартибоб ба дастони ҷавони муштзӯр завлона зада, ӯро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд.
Ин шоҳиди ҳодиса мегӯяд, бар замми зарари ҷисмонӣ акнун Умед бояд товони молӣ низ диҳад, зеро асбоби аксгирандаи духтарак, ки бештар аз се ҳазор доллар арзиш доштааст, аз зарбаи пойи Умедҷон шикаста, пора-пора шудааст.
Суратгири муштзӯрро ҷазои сахт интизор аст, зеро раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тобу тоқати беҳурматӣ ва зулму ситамро нисбати ҷинси зан надорад.