Arzon march 2024
Ҳунарманде, ки театри тоҷикро ба Амрико бурд, бемор аст
16.06.2024
ОИЛА.ТҶ
3490

Театри тоҷик дар таърихи мавҷудияти худ тавонист, танҳо соли 2020 ба он сӯйи уқёнус сафар кунад ва ба ғарбиҳо аз будани худ дар олами театрии ҷаҳон дарак диҳад. Ин санаро дар таърихи Тоҷикистон коргардони маъруф Нозим Меликов сабт намуд.

“Тасаввур кун, парчам, забон ва номи кишвари туро дар як фестивали театрии кишвари пешрафтаи ҷаҳон мегиранд, мешунаванд, мебинанд … Он замон туро чӣ эҳсосе фаро мегирад? Эҳсоси ифтихор, яъне ифтихори миллӣ,– нақл мекунад Нозим Меликов. – Рӯзи 25-уми октябри соли 2020 соати 12:00 ба вақти Ню-Ҷерсии Амрико намоишномаи “Дирафши ковиёнӣ”-и мо аз рӯи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ дар фестивали байналмилалӣ тариқи онлайн иштирок намуд, ки ин бароямон як муваффақияти беназир аст. Ростӣ намедонам хурсандии онлаҳзаинаро чӣ гуна баён намоям, танҳо мегӯям, ки ин муваффақияти натанҳо мо ҳунармандон, балки ҳар як тоҷику Тоҷикистони мебошад”.

Ҳунармандони театри давлатии ҷавони ба номи М. Воҳидов қабл аз ин чунин гуфта буданд: “Акнун вақти он расидааст, ки Нозим Меликовро дар қатори устодони аввали ҳунари коргардонии кишвар Фаррух Қосим, Барзуи Абдураззоқ ва Султон Усмон бигузорем”.

Нозим Меликов кист?

Ҳунарманд ва коргардони машҳури театр Нозим Меликов 5-уми ноябри соли 1966 дар деҳаи Тағойободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилоти асосиро дар мактаби ин деҳа гирифта, бештар ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва умуман фанҳои равияи гуманитарӣ шавқ доштааст. Даврони кӯдакиро бо ҳавас ба ёд оварда, аз ҷастану хестанҳо, шӯхиву бозиҳо, бесариҳо бо ҷӯраҳои кӯдакӣ, саҳрои гарми пахта ва пахтачиниҳо қиссаҳо намуд.

“Дар пахтачинӣ мо писарон нисбат ба духтарҳо танбал будем. Ҳарчанд талош мекардем, ҳеҷ онҳоро гузашта наметавонистем. Ҳамеша вазни халтаи пахтаи духтарон аз халтаи пахтаи мо вазнинтар буд. Баъзан аз рӯи ҳасодат аз сари пахтаи онҳо дуздида халтаҳоямонро сангин мекардем” – бо табассуми андак иброз дошт Нозим Меликов.

Дили кӯчак ва меҳри актёрӣ

Ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ аз ёд кардани шеърҳо, хондани қиссаву достонҳои гуногунро дӯст медоштааст. Аъзои фаъоли маҳфилҳои мактабӣ буда, баъзан саҳнаҳои гуногуни тарбиявиро ба муносибати ин ё он иду ҷашн омода намуда, пешкаши устодону толибилмон мекард. Вақтҳои холигиро бошад бо тамошои филмҳо ва намоишномаҳои гуногуни театрӣ сипарӣ менамуд. Маҳз ана ҳамин омилҳо дар дили кӯчаки ӯ меҳри бузургеро нисбат ба касби актёрӣ бедор сохтааст. Ана ҳамон шӯълачаи муҳаббат оҳиста-оҳиста бузург гардида Нозим Меликовро то ба ин ҷодаҳо овард ва маҳбубу маъруф гардонид.

Дар синни 13-14 солагияш падараш аз олам мегузарад ва тарбияи ӯ ва 6 – фарзанди дигари оила ба дӯши танҳо модар мемонад. Вақте суҳбат дар бораи оила мерафт Нозим Меликов бо муҳаббат аз модари бузургвораш қисса мекард.

“Модарам ҳамеша моро дастгирӣ мекард ва дар ҳама кор ҳатман фикри моро мепурсид. Ҳеҷ гоҳ ба интихоби мо зид намебаромад ва дар интихоби чизе фишор намеовард. Талош мекард, ки барои хондан ва соҳибтахасус гардиданамон шароит муҳайё созад. Доим мегуфт, ки ҳар куҷое ки мехоҳед, ба ҳар фанне, ки шавқ доред, ҳар ихтисосеро, ки дӯст медоред ба ҳамонҷо ҳуҷҷат супорида соҳибтахассус гардед.”

Ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам…

Баъди хатми синфи 8-ум бо дуои модар ба Омӯзишгоҳи маърифатӣ-маданӣ-равшаннамоии ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ҳуҷҷат супорда, ба шуъбаи театрӣ дохил гардидааст.

Соли 1985 бо дипломи омӯзишгоҳи маърифатӣ – маданӣ барои идомаи таҳсил ба донишкадаи давлатии санъат ба номи М.Турсунзода омада, таҳсилро дар ихтисоси коргардони ҷашнҳои оммавӣ ва театри халқӣ идома медиҳад. Баъди чанд моҳи таҳсил ба хизмати аскарӣ сафарбар мегардад. Хизмати ҳарбиро дар шаҳри Сковородинои вилояти Амури Русия сарбаландона адо намудааст. Баъди 6 моҳи омӯзиш дар аскарӣ, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида 1 солу 6 моҳи дигар чун механик-ронанда дар мошинаи ҳарбӣ барои пиёдагардон бо муваффақият хизмат намудааст.

Нозим Меликов даврони хизмати ҳарбиро бо ғамгинӣ ёдовар гардид. “Аз сардиҳои шаҳри Сковородино ва азоби бачаҳои ҷанубӣ, Осиёи миёнагӣ ва онҳое, ки дар иқлими гарм зиндагӣ мекарданд, нақл намуд. “Ҳаво хеле сард буд, хеле сард! Ҳамаги ду дувуним моҳ нисбатан гарм мешуд. Зимистон баъзан дар ҳавои сарди аз 45 – 50 дараҷа ҳам сардтар қадам мезадем, машқ мекардем. Ҳеҷ фаромӯш намекунам ҳамхизмати тоҷикамро, ки аз сардии зиёд панҷаҳои пояшро бурида буданд.”

“Шумо бо форсӣ тозатар аз мо ҳарф мезанед”

Пас аз анҷоми хизмати аскарӣ таҳсилро идома дода, ихтисоси “Актёри драмма ва кино”-ро мегирад. Баъди хатми донишкада худи ҳамонсол, яъне соли 1991 дар театри давлатии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ ба фаъолият шуруъ мекунад. Баъди як муддати фаъолият бо тавсияи устодон, тариқи озмун ба театри таҷрибавии тамошобинони наврас Аҳорун ба кор рафта, он ҷо фаъолиятро идома медиҳад.

Баъди бозидани якчанд нақши умумӣ саркоргардони театр ба ӯ нақши Исфандиёр дар намоишномаи “Исфандиёр” аз рӯи достони “Разми Рустаму Исфандиёр”-и Фирдавсиро медиҳад. Аввалин нақши калонҳаҷм дар фаъолияти актёрии ӯ, ҳамин нақши Исфандиёр ба ҳисоб мерафтааст. Қаҳрамони матлаби мо мегӯяд хотираҳо аз даврони фаъолият дар театри Аҳорун хеле зиёданд.

“Маҳз аз ҳамин театр аввалин маротиба ба хориҷ аз кишвар сафар намудам. Тӯли 75-рӯз бо намоишномаҳои “Юсуфи гумгашта” ва “Исфандиёр” дар шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари ҳунарӣ доштем. Ҳунарнамоии актёрони тоҷик ба эрониён хеле писанд омад. Моро хеле хуш пазируфтанд. Қисми зиёди онҳо ҳатто Тоҷикистонро намедонистанд, чун мо бо онҳо форсӣ ҳарф мезадем, шигифтангез мегардиданд ва ҳатто борҳо таъкид ҳам намуда буданд, ки Шумо бо форсӣ тозатар аз мо ҳарф мезанед.”

Чунин хотираҳои коргардон аз сафарҳо ба шаҳру вилоятҳои гуногуни Русияву Қазоқистон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Афғонистону Малдовия ва баъзе аз кишварҳои Аврупоӣ хеле зиёданд.

Хурсанд-девона дар филми “Ширин”

Ҳамкориро дар намоишномаҳои телевизионӣ ва филмҳо аз даврони донишҷӯӣ оғоз менамояд. Аввалин нақши бозидааш дар лавҳа-филми “Ишқро бо чашми Маҷнун бояд дид” мебошад. Баъдан низ чандин нақшҳои хурд-хурди дигар бозидааст.

Ҳангоми фаъолият бошад аввалин нақши бузурги бозидааш дар силсилафилми телевизионии “Ширин” аст, ки маҳз ҳамин силсилафилм ӯро маҳбуби мухлисон гардонид. Ӯ дар ин филм нақши Хурсанд-девонаро бозидааст, ки бисёре аз тамошобинони филми мазкур онро маҳз ба хотири нақши Нозим Меликов тамошо мекарданд.

Баъдан бо синамогарони эронӣ дар силсилафилми “Шукрона”, бо синамогарони рус дар филми “Афғон” бо синамогарони суғдӣ дар филми “12-соли интизорӣ” ва дигар филмҳо нақш бозидааст. Ба Нозим Меликов баъдан чандин пешниҳодҳо барои иштирок дар филмҳо аз синамогарони русӣ, эронӣ, афғонӣ ва филмсозони дохилӣ будаанд, вале вазъи саломатӣ намегузорад, ки дар ин филмҳо нақш офарад.

Ҷоизаҳои байналмиллаливу дохилӣ

Соли 2005 – ҷои дуввум, ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ва ҷоизаи “Кори нахустини муваффақонаи коргардонӣ – (Дебют)” дар ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявӣ “Парасту” бо намоиши “Парвози фохта”.

Соли 2011 – ҷои дуввум ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявӣ “Парасту” бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.

Соли 2014 – ҷоизаи “Беҳтарин намоиш” бо намоиши "Шабе дур аз ватан" дар ҷашнвораи фарҳангии “Ҷило”.

Соли 2015 – ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” дар ҷашнвораи байналмиллалии театрӣ “ART –ORDO” кишвари Қирғизистон бо намоиши “Иштибоҳ”.

Соли 2015 - ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар ҷашнвораи байналмиллалии - театрӣ шаҳри Тарази ҷумҳурии Қазоқистон бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.

Соли 2016 – ҷоизаи “Беҳтарин иҷро – бозигарии дунафараи (Дуэт) ҳунармандӣ (актёрӣ)” (“Беҳтарин нақши мардона ва занона”) дар ҷашнвораи байналмиллалии - театрӣ дар шаҳри Талдиқурғони кишвари Қазоқистон бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.

Соли 2017 – ҷоизаи аввал -“Шоҳҷоиза” дар ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявӣ “Парасту” бо намоиши “Диравши коваёнӣ”.

Соли 2017 – 1) ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ва ҷозаи “Беҳтарин нақши занонаи дараҷаи - 2 дар ҷашнвораи байналмиллалии - театрӣ шаҳри Налчик кишвари Русия бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.

2) Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар ҷашнвораи байналмиллалии театрӣ шаҳри Владиқафқоз кишвари Русия бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.

Соли 2019 – ҷои дуввум, ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” дар ҷашнвораи театрӣ ҷумҳуриявӣ “Парасту” бо намоиши “Кӯҳҳо вақте суқут мекунанд”.

Соли 2019 – ҷоизаи аввали ҷашнвораи байналмиллалӣ - театрӣ дар шаҳри Жескасган кишвари Қазоқистон бо намоиши “Диравши коваёнӣ”.

Ба ин шакл ва мазмун рӯи қоғаз овардани ин ҳарфҳо сабаб ва ҳадаф дошт, чун ман аминам аксари мардуми Тоҷикистон бори нахуст ба ин дастовардҳои Нозим Меликов ошно шуданд ва ҳатто аҳли фарҳангу ҳунар. Ҳарчанд Нозим ҳамчун ҳунарпеша – бозигар ҳам соҳиби ду ҷоиза аст, ки яке ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявӣ “Парасту” бо иҷрои нақши Исфандиёр дар намоиши “Исфандиёр” (соли 1995) ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардонаи дараҷаи-2” дар ҷашнвораи байналмиллалии театрӣ “ART –ORDO” кишвари Қирғизистон бо иҷрои нақши Тансиқбоев дар намоиши “Як рӯзи дарозтар аз аср” (соли 2008) аст, ки аз муваффақ буданаш дар ин ҷода низ гувоҳӣ медиҳад. Ман аминам, ки агар саломатиаш бевафоӣ намекард шумораи ин гуна ҷоизаҳои ӯ кам намебуд. Ҳар ҷоизаи Нозим арзанда ва ҳатто ба ақидаи ҳаводорони аслии ҳунар баъзан то ҷое пурра арҷгузорӣ нашуддааст. Исботи ин шумораи ҷоизаҳои аз хориҷи кишвар гирифтаи ӯ ва баҳои баланди мутахассисони ҳақиқии ҳунари ҷаҳони театрӣ ба намоишҳои ӯ мебошад. Баъзе намоишҳои устод Нозимро дар қатори беҳтарин намоишҳои ҷаҳони театрӣ гузоштаанд, ки наворҳои видеоӣ дар дастимобуда гувоҳанд. Акнун ман аз аҳли ҳунар ва ҳамкасбони азиз хоҳиш мекунам, ки Нозим Меликовро дар қатори устодони аввали ҳунари коргардонии кишвар Фаррух Қосим, Барзуи Абдураззоқ ва Султон Усмон бигузоранд. Вақти ҳисоботу мусоҳибаҳо нашармида ва натарсида ин корро бикунанд, чун агар ин рӯз мо нагӯем фардо таърих хоҳад гуфт ва дарҷ хоҳад кард. Гуноҳи устод Нозим ҳамин ки на дипломи коргардонӣ дораду на унвони фахрӣ. Барои беодобиам бубахшед, нашармидаю натарсида гуфтанам танҳо ба ҳамин хотир аст. Баҳоро ба унвону диплом надиҳем, балки ба истеъдоду ҳунар диҳем...! Устод Нозим дар арсаи коргардонӣ худрӯй, Худодод аст. Ба Худодода ситеза набояд кунем...! Ман медонам, ки ин навиштаҳои маро Нозим Меликов наметавонад бихонад, чун имконияти иҷтимоӣ ва саломатиаш даст намедиҳад. Вале амали банда танҳо бар он аст, ки мардуми Тоҷикистон Нозимҳоро бишносанд ва арҷ гузоранд, шояд ба саломатии ӯ каме кӯмак шавад. Дастандаркорон сари фиристодани намоишҳои арзанда ба хориҷи кишвар ҷиддию пурмасъулият бошанд, то ки зери таънаву сарзаниши мутахассисони театрӣ нагардем. Намоишҳоеро бифиристанд, ки сарбаландона муаррифгари фарҳангу ҳунари волои театр ва миллат бошанд. Аҷаб қисмате..., агар Нозим Меликов хеле барвақт саломатишро аз даст намедод чи мешуд...? Чи кунем, ки дар дасти қисмати бозигарем.

Аз як тараф чизе медиҳаду аз тарафи дигар мегирад...! Худовандо.... ту худ аз ҳама донову биноӣ..., фақат густохӣ мекунаму аз ту таваллову зорӣ мекунам, ки устод Нозимро саломатӣ бидеҳ ва истеъдодашро дар ҷояш гузор, медонӣ чи қадар миллати ман ниёз ба Нозимҳо дорад...!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД