Formula novemver 2024
Ҳунарпешаи ҷавон чӣ тавр ба "Ишқ, пул, Душанбе" роҳ ёфт?
1737

 

Амина Ҳафизова яке аз ҳунарпешаҳои ҷавон ва боистеъдоди Театри давлатии академӣ-драмавии русии ба номи В. Маяковский мебошад. Бар замми дар театр кор карданаш, ин бонуи панҷ панҷааш ҳунар ҳамзамон дар филмҳои бисёрсериягии "Ишқ, пул, Душанбе" ва "Хусури ман" нақши асосиро мебозад. Суҳбати хабарнигори сомонаи Oila.tj бо Амина Ҳафизова бисёр розҳои ин бонуи ҳунармандро мекушояд. Мехоҳед донед, ки ин ҳунарпешаи ҷавон чӣ гуна ба филмҳои машҳури "Ишқ, пул, Душанбе" ва "Хусури ман" роҳ ёфт? Амина барои ҳунарпеша шудан модарашро чӣ гуна розӣ кард? Ин зебосанам бо шавҳараш дар куҷо шинос шуд ва чӣ гуна оиладор шуданд? Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб ёфтану аз сирру асрори зиндагии Амина Ҳафизова огоҳ шудан хоҳед, пас фишурдаи ин мусоҳибаро пешкаши шумо месозем.

- Шуморо ҳамагон асосан тавассути филми “Ишқ, пул, Душанбе” шинохтанд. Шуморо чӣ гуна интихоб карданд?

- Ростӣ, маро Набиҷон Пирматов аз театр пайдо карданд. Баъдан занг заданд, рафтаму дар филм иштирок кардам.

- Тифле, ки дар филми “Иқш, пул, Душанбе“ нақши фарзанди шуморо бозӣ мекунад, мегӯянд, кӯдаки худатон аст. Шавҳаратон чӣ гуна розӣ шуд, ки бо тифли навзод дар филм нақш офаред?

- Не! Дар филм тифле, ки бозӣ мекунад, фарзанди ман нест. Он тифл фарзанди Набиҷон Пирматов аст. Ҳамин хел шуд, ки зани Набиҷон моҳи сентябр таваллуд карду ман моҳи октябр таваллуд кардам. Ба мо тифл даркор шуд. Шавҳари ман розӣ нашуд. Баъд Набиҷон фарзанди худашро барои филм овард.

- Шавҳаратон чӣ гуна розӣ шуд, ки дар филм нақш офаред, вақте тифли хурд доштед?

- Шавҳарам розӣ шуданд. Чун худашон қаблан корманди театр буданд. Вале айни ҳол кор намекунанд. Мо аввал дар як театр кор мекардем. Дар ҳамонҷо шинос шудем. Дар онҷо бо ҳам якҷоя будем. Аммо инро ҳеҷ кас намедонист. Баъдан, вақте мо ба ҳамкорон гуфтем, ки бо ҳам оиладор шуданием, ҳамаи онҳо ҳайрон шуданд. Гуфтанд, ки шумо чанд вақт боз ошиқ ҳам ҳастед? Вақте мо гуфтем зиёда аз 1 сол мешавад, ҳама ҳайрон шуданд. Ҳамин гуна ишқи мо пинҳонӣ буд. Ягон нафар ба ҷуз модарам намедонист. Чун ҳамаи сирру асрори диламро танҳо ба модарам нақл мекардам.

- Шавҳаратон филмҳоеро, ки шумо нақш мебозед, тамошо мекунад?

- Бале. Мо якҷоя ҳамаи он клип ё киноеро, ки нақш меофарам, тамошо мекунем.

- Барои шумо душвор нест ҳам модар будану ҳам дар театр кор кардан ва ҳамзамон дар филми бисёрсериягӣ нақш офаридан?

- Агар ҳозир гӯям, ки барои ман душвор нест, бовар намекунед. Чун ман бо санъат зиндагӣ мекунам. Ҳаст вақтҳое, ки ман фарзандамро ҳамроҳи худ ба сабт мебарам. Ҳангоми сабт одаме ҳаст, ки танҳо ба нигоҳубини кӯдаки ман машғул аст.

- Барои шумо дар филм нақшофарӣ осонтар аст ё дар театр?

- Дар кино барои ман нақшофарӣ осонтар аст. Чун дар театр эмотсияе, ки ҳаст, як бор бояд нишон дод. Аммо дар кино метавонӣ чанд дубл гирифт.

- Дар асл, ихтисосе, ки шумо хондаед, чӣ аст?

- Дар асл, ман маркетолог ҳастам (механдад).

- Дар зиндагӣ бештар аз чӣ метарсед?

- Вақте ки модар шудам, баъдан фаҳмидам аз чӣ метарсам.

- Дар охир чӣ гуфтанӣ ҳастед ба мухлисони сомонаи Oila.tj?

- Ба ҳамаи мухлисони сомонаи Oila.tj пеш аз ҳама саломатӣ ва сарбаландӣ хоҳонам. Ҳама вақт дар лаби ҳамаи мухлисони шумо ханда бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД