arzon replenishment
Ғуруби 4 ситораи тоҷик
31.12.2022
Mahina
1271


Хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ! Инак, соли паланг моро видоъ мегӯяд ва соли Харгӯш пушти дарвозаҳои зиндагиамон дар мекӯбад. Абатта зиндагӣ бе пастиву баландӣ намешавад ва ҳар як сол бурду бохтҳои худро дорад. 

Соли сипаригашта низ дар ҳаёти мо нақшҳои зиёде аз худ боқӣ мегузорад. Дар соли 2022 дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвари мо навигариҳои бисёре ба вуҷуд омада, дар ҷодаҳои мухталиф комёбиҳои муаянро ба ба даст овардем, аммо ин сол бохтҳои ҷуброннашавндаи худро низ дошт.

Бузургтарин талафот барои миллат ин аз даст додани чеҳраҳои намоёни фарҳанг, санъат ва ҳунари тоҷик буд. Аз ҳамин хотир дар арафаи соли нави мелодӣ мо мехоҳем бори дигар аз он фарзандони номдори миллати тоҷик ёд кунем, ки дар соли паланг ҷони худро аз даст дода, ба олами ҷовидон пайвастанд.

Фоҷиаи Дамирбек
Шаби 4 ба 5-уми феврали соли 2022 барои миллати тоҷик шоми наҳс ва пурфоҷиа гашт. Дар ин шоми ситоракӯш мошини ҳунарманди ҷавон ва овозадори тоҷик Дамирбек Олимов дар роҳи Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд ба садамаи тақдирсӯз гирифтор гашта, бар асари ин ҳодисаи хунин овозхони машҳур ҷони ҷавони худро аз даст дод.

Ҳодиса тахминан соатҳои дуи шаб сар зада, Дамир Олимов ва ду нафар аъзоёни гурӯҳаш, ки аз як тӯй бармегаштанд, дар роҳ ба сӯйи хона дучори фалокат гаштанд. Дамир Олимови 33-сола бар асари ин ҳодиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона аз хунравии зиёд ҷон дод.

Ҷанозаи ин сарояндаи булбуловози ғуррамарг рӯзи 5-декабр барпо шуда, волидону пайвандон, хешу ақрабо, ёру дӯст ва мухлисони сершумораш бо қалби хунчакону чашмони ашкбор ин ҷавони ормониро дар зодгоҳаш ноҳияи Деваштич ба хок супурданд. Аз Дамирбек се фарзанд-ду писар ва як духтарча ятим монданд.

Дамирбек Олимов хеле ҷавон аз олам гузашт, вале таронаҳои дилнавози ошиқона ва орифонааш ёди ин марди ҳунарро дар дили миллати тоҷик зинда нигоҳ хоҳанд дошт. Ҷоят ҷаннат бод, эй булбули шӯридадили боғи санъати тоҷик!

               Аловиддин дардҳои дилашро
                 бо худ ба зери хок бурд
“Ғам болои ғам меояд”гуфтани пирон беҳуда набудааст, миллати тоҷик ҳанӯз аз марги як фарзанди ҳунармандаш ба худ наомада, ба сараш боз як кулфати дигар омад. Ҳамагӣ 12 рӯз пас аз марги ҷонсӯз ва фоҷиавии Дамирбек Олимов хабари марги яке аз ситораҳои тобнок ва беназири ҳаҷви тоҷик Аловиддин Абдуллоев ҷомеаро такон дод. Касе бовар кардан намехост, ки Аловиддин Абдуллоев, марде, ки ҳар бори ба саҳна баромаданаш мардумро аз ханда қариб рӯдакан мекард, абадан сукут кардааст. 

“Эй нее, дуруғ будагист, охир Аловиддин Абдуллоев сип-сиҳат буд-ку”-мегуфт яке, дигарӣ сухани ӯро тақвият дода меафзуд” ман дирӯзакак бо акаи Аловиддин телефони гап зада будам, ваъда дода буд, ки рӯзҳои наздик ба Душанбе меояд...”

Хана умри инсонро дароз мекунад мегӯянд, Аловиддин Абдуллоев ҳамеша ханда бар лаб дошт ва бо саҳнаҳои намакини ҳаҷвиаш дар барномаи “Шӯхиҳои Аловиддин” мардумро аз ханда рӯдакан карда, ба мухлисонаш ҷаҳон-ҷаҳон шоиву нишот мебахшид, вале...

Марде, ки умре дигарон механдонд, ақаллан як рӯз ҳам рӯйи бистари беморӣ нахобида, дар синни 57-солагӣ якбора аз хуруҷи дарди дил аз дунё гузашт! Аловиддин Абдуллоев аз чӣ азият мекашид ва кадом дардҳои зиндагӣ ӯро ба сактаи дил гирифтор намуда, ҷавонмарг карданд, инро ба ҷуз марҳум ва худованд дигар касе намедонад...

Ин марди накӯном дар оромгоҳи деҳаи Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супурда шудааст.
Ба гумона ст, ки модари тоҷик дар 30-40 соли дигар Аловиддин Абдуллоев барин фарзанди ҳунарманд ва ҳаҷвнигори беназирро ба дунё биёрад, вале худро бо он тасаллӣ медиҳем, ки маҳсули эҷод ва саҳначаҳои мондагораш номи ин марди дарёдил ва ба маънои томаш ҲУНАРМАНД-ро абадан зинда хоҳанд дошт. Ёдат ба хайр ва ҷоят равзаи биҳишт бод, фарзанди номбардор ва номдори миллат!

              Боз як қурбонии соли паланг
Дар соли 2022 фарҳанги тоҷик боз як чеҳраи намоёни худро аз даст дод, ки ин ҳунарманди маҳбуби мо Раҷабалӣ Ҳусейнов буд. Дар тӯли 80-соли умри пурбаракаташ ин марди хушзавқ дар театр, кино ва телевизион обзарҳои зиёде офаридааст, ки дар ёди тамошобини тоҷик абадан боқӣ мемонанд.

Раҷабалӣ Ҳусейнов аз соли 1965 то 1998 дар театри овозадори академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарманд фаъолият намуда, баъдан аз то ба нафақа баромаданаш дар театри русии драммавии ба номи В. Маяковский кор мекард, вале тамошобинон ин ҳунарманди асилро бештар тавассути нақшҳои дар кино бозидааш мешинохтанд. “Ситораи Улуғбек”,”Чаҳор саҳифаи як ҳаёт”, “Туфон дар водӣ”, “Гаравгон”, Суҳи Ганг”ва “ Меваи биҳиштӣ” аз зумраи филмҳое мебошанд, ки ба Раҷабалӣ Ҳусейнов шӯҳрати мондагор ато намуданд. Ёдаш ба хайр ва манзили охирати ин ҳунарманди зиндаёд обод бод!

Фоҷиае, ки ҳамаро ба ҳолати “шок” андохт
Марги нобаҳангоми журналисти ҷавону зебо ва овозадори тоҷик Фаридун Хайруллозода натанҳо барои аҳли фарҳангу ҳунар, балки баҳри мухлисони сершумораш низ боварнакарданӣ буд ва ҳамагонро ба ҳолати “шок” андохт.

Фаридун Хайруллозода директори “Авторадио” ва бениҳоят серкор бошад ҳам, бисёр дӯсти хуб ва инсони самимӣ буда, бо сомонаи Оила. ТЧ ҳамкории зичи эҷодӣ дошт. Ҳамон шабу рӯзҳо лоиҳаи махсусеро роҳандозӣ намуда будем ва мувофиқи маслиҳати пешакӣ субҳи рӯзи 12- август Фаридун бояд барои сабти як ролик ба идораи мо меомад, вале вақт мегузашту аз ӯ дараке набуд.

Азбаски Фаридун бисёр ҷавони масъулиятшинос буд ва ҳеҷ гоҳ дер намемонд, наомаданаш моро дар ҳайрат гузошт. Чанд бор пай дар пай занг зада бошем ҳам, телефонаш хомӯш буд, аммо ҳатто ба гӯшаи хаёламон намеомад, ки ....

Бале, ҳатто навиштани ин сатҳо басо дарднок аст....вақте ба фейсбук ворид шуда, хабари маргашро дидем, якбора ҳуш аз сарамон парид. Ақли кас ҳеҷ бовар намекард, ки чи тавр инсоне, ки ҳамин дирӯз бо мо ҳазлу шӯхӣ карда механдид, як ҷавони солиму бардам, ки дар 27-соли умраш ба муваффақиятҳои хеле бузург ноил гаштаву ягон мушкил надошт, метавонад дар як мижа задан аз олам гузарад, аммо....

Дареғову дардо, ки одамизод пеши аҷал нотавон аст ва аждари марг ҳар гоҳ, ки хост ба гиреони мо чанг мезанад. Аҷали бераҳм на парвои ҷавониатро дорад ва на одамияти баланду некномиат пеши роҳашро гирифта метавонад...

Фаридун хеле ҷавон аз дунё гузашт, аммо хандаҳои зебояш, хотироти некаш ва одаму одамгариаш абадан дар ёди ёру дӯстон хоҳад монд. Дуо мекунем, ки ҷояш ҳамеша биҳишти ҷовидон бошад!
Худованд гузаштагонро раҳмату мағфират кунад ва боқӣ кулли тоҷику тоҷикистониёнро дар паҳони худ нигоҳ дошта, дар соли нав ба ҳамаи мошу шумо танҳо хушбахтӣ ато намояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД