Sebiston new 2024 october
Қўшакелин (қисми 2)
1809

Қисми аввалашро дар ин ҷо хонед.

Пас аз тавлиди писаронашон бародарон тасмим гирифтанд, ки дар як гўшаи боғи бобоӣ ҳавлӣ бунёд мекунанд, модар баъди шунидани ин иқдоми писарон гуфт, ки “хуб мешавад, хонаи падарӣ ба Хуршед мемонаду Ҷамшед ба ҳавлии нав мекўчад”.

Писарон бо хушнудӣ қарори модарро пазируфтанд. Сохтмони ҳавлии бо ҳашамат дар ду сол ба охир расид, дар ин миён келинҳо боз духтар тавлид карданд, Гулгуну Майгун, чунин номҳои хушоҳангро аммаҳо барои ҷиянҳои дўстрўякашон гузоштанд.

Ҷамшеду Сабза ба ҳавлии нав кўч бастанд ва хонаҳои падарӣ ба Хуршеду Ғамза монд. Ҳарчанд зиндагияшонро ҷудо карда бошанд ҳам, бародарон аз якдигар кори пинҳоне надоштанд ва мисли пештар хазинадорашон модар буду аз гапи вай берун намебаромаданд.

Холаи Сафия келинҳояшро мисли духтаронаш дўст медошту дар ҳар ду моҳ барояшон маблағ дода, онҳоро ба бозор барои харид мефиристод. Сабзаю Ғамза хеле зебо либос мепӯшиданду кўдакҳояшон низ аз ягон «мода» қафо намемонданд.

Дар зару зевар тар буданд онҳо, шавҳарҳо бо маслиҳати модар дар ҳама иду аём барои онҳо тўҳфаҳои қимматбаҳо аз қабили зару зевар тӯҳфа мекарданд, аммо…

Кирми ҳирс

Беҳуда машоих нагуфтаанд, ки чашми одамизодро танҳо хоки гўр сер мекунад, Сабзаю Ғамза низ аз ҳамин қабил инсонҳо буданд. Ҳамин, ки ҷойи хилват ёфтанд, ба ғайбати хушдомани биҳиштӣ ва шавҳарҳои меҳрубонашон сар мекарданд. Онҳо бисёр мехостанд, ки хӯҷаини пули шавҳарҳо бошанд.

– Ин бева бачаҳошро дар зери доманаш гардонида, занакча кардааст, наход ба бисту панҷ даромада, то ҳол як тинатро бурда, ба дасти очаат диҳӣ,- мегуфт Сабза.

- Аслан айби ҳамин бева, мисли аждаҳо доим рўи хазинааш хоб аст, чӣ мо соҳиби ду фарзанд шуда, ба пули шавҳарҳоямон ҳақ надорем, ки мудом мисли гадо ба дасти хушдоман нигарем,- суханҳои ўро тақвият медод Ғамза.

Ин ду кӯрнамаки носерам, як бор аз некиҳои хушдоман гап намезаданд, намегуфтанд, ки онҳо аз чизе камбудӣ надоранду гули чизро пўшида, гули чизро мехўранд.

- Ман як бор ба шавҳарам дар ин бора гап зада, як суханҳое шунидам, ки то ҳол ба ёдам биёрам, мўи танам мехезад,- андешаманд гуфт Сабза ва ба умқи чашмони кабуди авсунаш нигариста, илова кард,- як бало кардан даркор.

-Биё ба пеши мулло- Сара рафта, муллогияш мекунем, -таклиф намуд Ғамза, вале Сабза розӣ нашуд:- моро пеши мулло ягон кас бинаду ба Ҷамшед гўяд, ба Худо талоқамро медиҳад…

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД