arzon replenishment
ҲУШДОР: Дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе барф меборад!
10737


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Маркази обу ҳавосанҷиии мамлакат хабар додааст, ки рӯзҳои аввали моҳи октябр дар кишварамон тағирёбии боду ҳаво дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво якбора бисёр паст мефарояд.

Давоми як шабонарӯзи оянда хокбориш ба амал омада, рӯзҳои 1-2 октябр шамоли сахт мевазад. Шаби 2 ба 3 октябр дар баъзе минтақаҳо ҳарорат 6-9 дараҷа поин фаромада, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва новҳии Вилояти Суғд борони  шадид меборад. Эҳтимоли ба барф мубаддал гаштани борон вуҷуд дорад.

Бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба хотири бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД