arzon replenishment
Устои 16-сола
783


Муҳаммадсалмон Насруллоев аз зумраи наврасони чусту чолокест, ки ба зудӣ рҳи худр дар зиндагӣ меёбанд.

Ӯ ҳамагӣ 16-сл дошта бошад ҳам, дар баробари андӯхтани илму дониш ҳунари сартароширо аз худ намудааст ва аллакай мизоҷони зиёде пайдо карда, муслиқилона кор мекунад ва дармади хуб ба даст меорад. Муҳаммадсалмон чи тавр устои сартарош шуданашро ба мо чунин қисса кард:
"Ман ҳанӯз аз синни 13-солагӣ нисбати ин ҳунар шавқу завқ пайдо намудам. Дар наздикии хонаамон сартарошхонае буд ва бо машварати падарам ман дар он ҷо дар назди як устои сартарош шогирд истода, нозукиҳои ин ҳунарр ёд гирифтам.

Қариб дувуним сол ба сифати шогирд кор мекардам, баъди он ки тамоми нозукиҳои ин касбро ёд гирифтам, мустақилона кор мекардагӣ шудам. “
Одатан дар ин синну сол наврасон аз паси шӯхиву бозӣ ва дилхушӣ ҳастанд, вале қаҳрамони мо мисли одами калонсол андеша ронда, мудом дар талош аст, то зиндагии худ ва пайвандонашро беҳтар созад.
"Ростӣ, вақте мебинам, ки аксари ҳамсолони ман то ҳол роҳи худро дар зиндагӣ пайдо накардаанд ва ҳатто дар бораи ояндаашон фикр ҳам намекунанд, ҳайрон мешавам.

Инсон бояд аз зиндагӣ чи хостанашро бидонад, дар назди худ мақсад гузшта барои расидан ба ҳадаф талош намояд. Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки аз ҳозир сар карда, як ҳунар не, балки чанд ҳунарро омӯзам, зеро ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ хор намешавад. Бибиям нақл мекарданд, ки дар хурдсолӣ инсон агар чизер омӯзад, ҳеҷ гоҳ аз хотираш зудуда намешавад, аз ҳамин хотир ман аз 13-солагӣ барои аз худ намудани нозукиҳои касби сартарошӣ талош намудам ва усто шудам”-мегӯяд қаҳрамони мо.

Азбаски Муҳаммадсалмон новобаста ба наврас буданаш тамоми нозукиҳои ҳунари сартароширо медонад, пиру барно бо дили пур ба назди ин ҷавони ҳунарманд меоянд ва мизоҷи доимии ӯ гашта, ҳамеша барои ба тартиб овардани сару сураташон ба ин ҷавони гулдаст муроҷиат менамоянд. Ҳар рӯз натанҳо аз маҳаллаи худашон, балки аз деҳаҳои дигар низ даҳҳо нафар ба наздаш омада, хоҳиш мекунанд, ки мӯйи сарашонро ба тартиб дарорад.
“Инсон, агар хоҳиш дошта бошад, ҳама ҳунарро омӯхта метавонад, вале “ман ҳанӯз хурд ҳастам” гуфта машғули бозӣ бошӣ, умрат беҳуда мегузарад,-мегӯяд Муҳаммадсалмон.
Қаҳрамони мо ният дорад, ки баъди хатми мактаби миёна касби фазонавардиро (лётчик) интихоб намояд, зеро аз кӯдакӣ ба космонавтика шавқу завқи зиёд дорад. Дар баробари таҳсил намудан дар риштаи фазонавардӣ ӯ мехоҳад дар шаҳри Истаравшан толори калони сартарошӣ кушояд.
Мо ба Муҳаммадсалмон дар амалӣ гаштани орзуҳи наҷиб ва ниятҳои некаш муваффақият хоҳонем.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД