1xbet
Ҷустуҷӯи 7 нафари дар Хатлон ғарқшуда идома дорад
240

Аз аввали сол то кунун дар вилояти Хатлон 7 нафаре, ки дар обҳо ғарқ гардидаанд, пайдо нашудаанд.

Гуфта мешавад, дар байни 7 ғарқшудае, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, кӯдаке, ки дар ноҳияи Фархор модараш ба дарёи Сурхоб партофтааст, низ ҳаст. Ду сарбози Вазорати мудофиа ҳам, ки се ҳафта пеш дар дарёи Вахш ғарқ шуда буданд, дар миёни ин нафарон ҳастанд. Сабаби ғарқшавии онҳо кӯшиши об нӯшиданашон аз дарёи Вахш гуфта мешавад.

Ҳамчунин, як ҷавон аз шаҳри Бохтар, ки рӯзи 12-уми август ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ноҳияи Кӯшониён дар дарёи Вахш ғарқ шудааст, шомили 7 ғарқшудаест, ки ҷустуҷӯ мешаванд. Ба иттилои мақомот, ин ҷавон ҳамроҳи дӯстонаш дар ҳудуди деҳаи Сари Ҳавзи ноҳияи Кӯшониён, дар ҷое, ки оббозӣ манъ будааст, шиноварӣ карда, ғарқ мешавад. Чор нафари дигар маълум нест кистанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД