Ваҳдат Ҳаннонов корномаи футболбозиашро дар
Тими мунтахаби Тоҷикистон ба поён расонд
Футболбози 26-солаи тоҷик Ваҳдат Ҳаннонов, ки ҳимоятгари дастаи “Сипоҳон”-и Эрон мебошад, эълон кардааст, ки фаъолияти худро ҳамчун футболбоз дар тими мунтахаби Тоҷикистон ба поён расонид.
Тими миллии Тоҷикистон ба бозии ниҳоии марҳилаи интихобии “Ҷоми Осиё-2027” бар зидди тими миллии Филиппин, ки бояд санаи 31-уми март дар шаҳри Ҳисор баргузор гардад, омодагӣ мебинад, вале номи Ваҳдат Ҳаннонов ба рӯйхати бозингарон ворид карда нашудааст. Федератсияи футболи Тоҷикистон сабаби ба рӯйхати бозингарон ворид накардани Ваҳдат Ҳанноновро дар надоштани таҷрибаи бозӣ бо тими миллии Тоҷикистон маънидод намудааст. Пас аз ин, Ваҳдат Ҳаннонов дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ бидуни ишора кардан ба даъват нашуданаш ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз анҷом додани корномаи футболбозиаш дар тими миллӣ хабар дод.
“Ин қарор барои ман осон набуд, аммо вақти он расидааст, ки ба пеш ҳаракат карда, ба ҳадафу имкониятҳои нав диққат диҳам”, - навиштааст футболбоз.