arzon replenishment
Варзишгар, забондон ва барномасози хурдсол
741

Кӯдакони муосир бо ҳушёриву зиракии худ аз наслҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунанд. Насли нав аз технологияи ҷадид огоҳии комил дошта, дар баробари ин, бо ягон забони хориҷӣ озодона ҳарф мезананд.

Имрон Норови 9-сола аз зумраи чунин кӯдакони заковатманд аст. Дар чунин синну соли хурд вай аллакай касби ояндаашро муайян кардааст ва барои он ки барномасози болаёқат шавад, дар радифи нозукиҳои технологи навин, ҳамчунин забонҳои русиву англисиро омӯхта истодааст. Бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон мо тасмим гирифтем аз дастоварду муваффақиятҳои Имронҷон бароятон қисса кунем.

Дар тақдири ҳар як кӯдак оила ва волидонаш нақши бузург мебозанд. Маҳз муҳити оила барои муваффақ шудани кӯдак замина фароҳам меорад. Волидайни Имрон аз ибтидо талош меварзиданд, ки диққати ӯро ба забономӯзӣ ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, ӯро ба яке аз кӯдакистонҳои русии шаҳри Истаравшан гузоштанд. Имрони хурдсол дар он ҷо забони русиро ёд гирифта, аллакай дар 4-5-солагӣ озодона бо ин забон ҳарф мезадагӣ шуд.

"Мо мехостем, ки фарзандамон аз айёми хурдсолӣ забони модариашро дӯст дораду омӯзад, вале дар баробари ин, забони русиро низ аз худ намояд. Чунин тарбияи дузабона имкон фароҳам овард, ки Имронҷон бидуни монеа ба ҷаҳони нави муошират ва таҳсил ворид шавад. Дар муддати кӯтоҳ ба афсонаҳои тоҷикӣ ва русӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва аллакай дар 6-7 солагӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ афсона мегуфт. Ин чиз имкон дод, ки гуногунии фарҳангии ҳарду халқро дарк кунад", – гуфт модари қаҳрамони мо, апаи Фароғат.

Барои забони русиро аз худ кардани Имрон аз як тараф боғча ва аз тарафи дигар муҳити оила мусоидат кардааст. Бародаронаш Беҳрӯз ва Шероз, ки аз кӯдакӣ дар Русия таҳсил мекарданд, бо вай бо забони русӣ ҳарф мезаданд, то зудтар ин забонро ёд гирад.

Имрон Норов аз хурдӣ ба омӯзиши компютер шавқу рағбати зиёд дошт. Одатан кӯдакони хурдсол компютерро танҳо ҳамчун василаи бозӣ дӯст медоранд, вале Имрон компютерро барои ба даст овардани донишҳои нав истифода мебурд ва пас аз он ки мундариҷаи бозӣ ва калимаҳои навро ба забони русӣ меомӯхт, дигар ба он таваҷҷӯҳ намекард.

"Маҳз ба шарофати бозиҳои компютерӣ Имрон дар бораи истилоҳоте, ки қаблан дучор нашуда буд, маълумот пайдо кард ва ин имкон фароҳам овард,, ки ба соҳаи нав - IT ворид шавад. Айни замон ӯ фаъолона ба барномасозӣ машғул аст. Имронҷон мехоҳад дар оянда баҳри рушди соҳаи IT дар Тоҷикистон саҳми худро гузорад. Самти асосии таваҷҷӯҳи ӯ моделсозии 3D мебошад", - зикр намуд зимни сӯҳбат модари қаҳрамони мо.

Омӯхтани барномасозиро ба Имрон дӯсти бародараш Всеволод ба зимма гирифт. Устодаш дар Федератсияи Русия қарор дошта, бештар тариқи онлайн ба Имрони хурдсол дарс мегуфт. Всеволод бо забони русӣ ҳарф мезаду ба қаҳрамони мо нозукиҳои барномасозиро меомӯзонд. Имрон аз ин дарсҳо фоидаи дучанд гирифт, зеро дар як вақт ҳам нозукиҳои барномасозиро меомӯхт ва ҳам дониши забони русиашро такмил медод.
Имрӯз Имронҷон бо ду забон муошират мекунад ва озодона фикру ақидаи худро баён месозад.

Қаҳрамони мо дар баробари омухтани забони русӣ ва барномасозӣ ба варзиш низ машғул аст. Ду сол мешавад, ки ӯ дар намуди варзиши таэквондо тамрин мекунад ва дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён, ифтихорнома, сипосномаву диплом шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД