Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу байни наврасон, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор гашт, варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов ғолиб омада, соҳиби медали тило гашт.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу 1400 варзишгар аз 54 давлати дунё иштирок доштанд, вале новобаста ба рақобати шадид ба варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов муяссар гаштааст, ки дар вазни 62 кг пас аз ҳашт рақобати шадид дар ду категория ғолиб омада, соҳиби медали тило ва бори чорум Чемпиони ҷаҳон гардад.
Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр намудаанд, ки Шаҳром Маҳмуродов нахустин варзишгари тоҷик мебошад, ки дар намуди «Ne Waza» ба ин дастовард ноил гаштааст.