sebiston july new
Вақте мард мегиряд Қисми 3
1500

 

Ба деҳа замоне расидем, ки субҳ медамид, ман бо ронанда ҳисобӣ карда, ба хонаи падарам даромадам.

Падарам рӯйи кати зери ҳавозаи ангур намози бомдод мехонданд, ман мунтазир истодам. Падарам салом дода фотеҳа карданду маро дида саросемавор «а бача, ту кай омадӣ?» гӯён, ба оғӯшам кашиданд. Ману падарам касеро аз аҳли хонадон бедор накарда, ба хонаи ман, ки дар кӯчаи дигар буд, равон шудем.

Падарам роҳравон маро насиҳат мекард, ки тез нашаваму бо оромӣ аз занам шарҳи овозаҳои мардуми деҳаро пурсам. Дарвозаи ман маҳкам буду дарвозаи додарам кушода, ману падарам ба хонаи додарам даромадем, зани додарам, ки ҳавлӣ мерӯфт, моро дида дар ҳайрат афтод ва бо ранги парида ба ҷойи салом пурсид:

-Ака шумо кай омадед, додаратон тинҷ аст?!

-Ҳозир омадам, ҳама тинҷ…- Зани додарам рӯйи зинаи айвони хонааш нишаста, бо овози гиряолуд гуфт:-Як ҳафта боз бо додаратон гап назадем, Худо тинҷ бошад…

Ман ранги паридаи ӯро дида тассалияш додам, ки ман ду рӯз пеш шавҳаратро сиҳату саломат дидам, ҳатто дасту остин барзада, барои ман оши палав пухт. Келинамон ба худ омада аз ҳолати пешомада дар назди хусураш хиҷолатзада шуду моро ба болои кат таклиф кард, вале ман ба сӯйи даричаи байни хонаи ману додарам буда нигаристам, ки маҳкам буд. Келин мақсади маро пай бурда гуфт:

- Нисорҷон (писари даҳсолаи додарам) ҳар шаб бо янгааш мехобид, имшаб ҷиянаш омада будааст, ӯ мехост даричаро зада, занамро аз омадани ман хабардор кунад, аммо ман як хез зада, худро ба ҳавлиям гирифтам ва даричаро кушода, рост ба хона даромадам то занамро бедор намоям. Рост ба хонаи хобамон даромадам, кош намедаромадам…

Болои рахти хоби поку ҳалоли ман зани никоҳиям бо марде дар хоби ғафлат буд, чанд дақиқа худамро гум кардам, баъд марди хобро зери мушту лагат кашидам. Агар падарам ҳамроҳи зани додарам намедаромаданд, шояд ман мардро, ки баъдтар Расои ҳамдеҳаам буданашро фаҳмидам, мекуштам… Зани шармандаам ба хонаи дигар даромада, дарашро аз дарун қуфл кард, ман ба падару модар ва хешу табори ҳамсарам занг задам ва баъди чанд дақиқа хонаамон пури одам шуд.

Расо, ки аз сабаби бисёр дароз будани бинияш ӯро дар деҳа Расои бинӣ мегуфтанд, ду сол боз бо занам муносибатҳои марҳамона доштанашро гуфт. Руқияи касофат бошад, бидирос зада мегуфт, ки ӯ ҳам зан асту ба вай оғӯши гарм мефорад. Гӯё ӯ не, ман гуноҳ карда бошам сари гапу охири гап такрор мекард:- Талоқамро деҳу зан гир…

-Як не, сад талоқат кардам ту фоҳишаи лаънатиро,- гуфтаму ӯро аз хона рондам…

Пас аз се рӯзи ин ҳодиса тағои занам, ки корманди мансабдори ҳифзи ҳуқуқ буд, занамро гирифта ба хонаам оварду гуфт:

-Домод, аввал ин ки бо занат оштӣ карда, зиндагиятро пеш бар, ғайри мо- хешу табор касе чизеро намедонад. Агар нахоҳӣ, баромада рав, ҷияни ман ҳам дар сохтмони ин хона саҳм дорад. Баъд… қарзҳои бонкиятро, ки бо номи ҷияни ман гирифтаӣ, худат баргардон, набошад ҳолат хароб мешавад…

Ҳамин қадар ба ин марди солҳо дар мансабҳои баланди мақомоти ҳуқуқ коркарда мефаҳмондам, ки ҳангоми пул қарз гирифтани ҷияни шумо ман дар Тоҷикистон набудам, ӯ гӯш кардан намехост. Байни баҳси мо духтарам расида омаду худашро пеши поям партофта, зор-зор гирист, ки агар модарамро аз хона пеш кунед, худамро оташ мезанам. Ман модару духтарро дар хона гузошта, ба хонаи падарам рафтам. Ду рӯз баъд аз ин воқеа писарам низ омаду бо дидаҳои пуроб гуфт:

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД