Arzon march 2024
Вақте шунидани садои “Азон” чи кор кардан лозим аст?
837


Аксари одамон дар вақти шунидани садои азон худро меҷунбонанд.

Фаҳмидан мехостам, ки оё анҷоми ин амал аз нигоҳи шариат дуруст аст?

Умаралӣ, ш. Бохтар.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Бародари азиз, дар аснои шунидани садои азон худро каме ҳаракат додан амали мубоҳ аст, вале суннат ин аст, ки шунавандагон калимаҳои азонро такрор намуда, пас аз ҷумлаи “Ҳайя алас-салот” “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ” ва баъд аз “Ҳайя алал-фалоҳ”

“Мо шоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун” гӯянд. Абӯсаиди Худрӣ (р) ривоят мекунад Ҳазрати Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ ки садои азонро шунидед, пас, он чиро муаззин мегўяд, шумо ҳам бигўед». (Ривояти Бухорӣ).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД