Вазири фарҳанг ба аёдати Хосият
Вализода ва Гулчеҳра Содиқова рафт
Матлубахон Сатториён, Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар арафаи иди бонувон ва”Рӯзи модар” ба аёдати ду чеҳраи намоёни адабиёт ва санъати тоҷик, шоираи машҳури кӯлобӣ Хосият Вализода ва Ҳофизаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова рафта, хотири эшонро шод гардониданд.
“Сатториён Матлубахон Амонзода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон духтари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Вализода, шоира Хосият Вализода ва фалаксарои машҳур, Ҳофизи халқии Тоҷикистон -Гулчеҳра Содиқоваро аёдат намуданд,”-навиштааст Маркази матбуоти вазорати фарҳанг.
Зимни сафар ба шаҳри Кӯлоб Вазири фарҳанги Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ҳамчунин аз Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дар ин шаҳр дидан намуданд. Бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна иборат буда, дорои 15 синфхона мебошад, ки бо асбобҳои мусиқӣ ба пуррагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар колеҷи мазкур толори рақс, навозиш ва синфхонаҳои компютерӣ мавҷуданд. Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ҳамчунин бо кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намудаанд. Солҳои 2026-2030 дар вилояти Хатлон “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст.