Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар робита ба қатли писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дар мактаби Успенскийи шаҳраки Горкийи округи Одинсовои вилояти Маскав ба ҳамтои русаш Сергей Кравтсов мактуб ирсол намуда, хостааст, ки ин ҳодисаро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбути Русия ҳамҷониба ва беғаразона таҳқиқ намоянд.
“Чунин ҳодисаҳо метавонанд аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва миллатгарои радикалӣ бо мақсади тарғиб ва таҳрики содир намудани ҷиноятҳои нав истифода гарданд, ки ин бо арзишҳои бунёдии инсондӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва принсипҳои таҳаммулпазирӣ комилан мухолиф аст”,- омадааст дар номаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Раҳим Саидзода таъкид кардааст, ки “ҳуқуқ ва қадру манзалати хонандагони тоҷик бояд дар ҳар гуна муҳити таълимӣ ба таври қатъӣ ҳифз карда шавад”.
Ёдрас мешавем, ки Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактаби Успенскийи шаҳраки Горкийи минтақаи Одинсовои вилояти Маскав ба дасти як хонандаи синфи 9-и ҳамин мактаб аз ҳисси кинаву адовати миллӣ кушта шуд. Гумонбари куштор аз ҷониби мақомот боздошт шуда, нисбаташ бо моддаҳои 105 ва 30-и Кодекси ҷиноятии РФ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҷисми беҷони Қобилҷони нокомро дирӯз ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш - ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.