Имрӯз, 19-уми июн дар шаҳри Бишкек вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳамтои ӯзбекистониаш Ҷурабек Мирзомаҳмудов мулоқот намуда, масъалаи хариди барқ ва газро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилоъи Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, вохӯрии мазкур дар ҳошияи ҷаласаи вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории Шанхайбаргузор гашта, ворид ва содир намудани барқ ба кишварҳои ҳамдигар мавзӯи меҳварии мулоқот буда, Далери Ҷумъа ва Ҷурабек Мирзомаҳмудов татбиқи лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энерҷии Осиёи Марказӣ” ва воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор додаанд