Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони синф ҳаққи фурӯши либоси мактабиро дар ҳудуди мактаб надоранд ва инчунин наметавонанд волидонро ба хариди либос аз фурӯшандагони муайян маҷбур созанд.
Бо наздик шудани оғози соли нави таҳсил масъалаи хариди либоси мактабӣ аз мавзӯъҳои доғ миёни волидон боқӣ мемонад. Солҳои охир сокинон борҳо аз он шикоят кардаанд, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ онҳоро барои харидани либоси мактабӣ аз ширкатҳо ё нуқтаҳои савдои муайян маҷбур мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин либосҳо аксаран бо нархи гарон пешниҳод шуда, на ҳамеша ба талаботи сифат ҷавобгӯ мебошанд.
Дар ҳамин замина Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мавқеи расмии худро бори дигар шарҳ дод.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотии 10 июл гуфт, ки вазорат танҳо намунаҳои тавсиявии либоси мактабиро таҳия кардааст ва интихоби тарҳи муносиб ба зиммаи кумитаҳои падару модарон гузошта шудааст.
«Вазорат танҳо низомномаи либосҳои мактабии тавсиявиро барои хонандагон таҳия ва пешниҳод кардааст, ки дар асоси он кумитаи падару модарон тарҳи муносибро интихоб мекунад», - гуфт вазир.
Муовини вазири маориф Бадриддин Музаффарзода низ таъкид намуд, ки таъмини либоси мактабӣ тавассути мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва низоми «Тоҷикматлубот» ба роҳ монда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони синф ҳаққи машғул шудан ба фурӯши либоси мактабиро надоранд.
«Ягон роҳбари синф ва мудири (директори) мактаб ҳуқуқи дар ҳудуди мактаб ба фурӯш мондани либоси мактабиро надорад», – изҳор дошт Бадриддин Музаффарзода.
Ӯ афзуд, ки Вазорати маориф ва илм борҳо ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мактубҳои расмӣ ирсол намуда, аз онҳо талаб кардааст, ки чунин амалҳоро пешгирӣ кунанд.
Вазорат ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҳар як падару модар ҳуқуқ дорад либоси мактабиро аз дилхоҳ мағоза ё нуқтаи савдо харидорӣ намояд. Шарти асосӣ танҳо риоя шудани талаботи муқарраршуда нисбат ба рангу тарҳи либоси мактабӣ мебошад.
Ба таъкиди масъулон, ягон муассисаи таълимӣ ҳақ надорад волидонро маҷбур созад, ки либоси мактабиро танҳо аз фурӯшгоҳи муайян ё аз ширкатҳои мушаххас харидорӣ кунанд. Интихоби ҷойи харид пурра ба ихтиёри волидон аст.
Мақомоти соҳа умедворанд, ки риояи ин талабот аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ боиси коҳиши шикоятҳои волидон ва пешгирии ҳолатҳои маҷбуркунии хариди либоси мактабӣ хоҳад шуд.
Бо оғози мавсими омодагӣ ба соли нави таҳсил, Вазорати маориф аз падару модарон даъват кардааст, ки дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои маҷбуркунии хариди либоси мактабӣ ё фурӯши он дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ, ба мақомоти дахлдори соҳаи маориф муроҷиат намоянд. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки ҳуқуқи интихоби ҷойи хариди либоси мактабӣ кафолат дода шудааст ва риояи ин талабот барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳатмист.