arzon replenishment
Вазорати мудофиа: Сафи ихтиёриён афзудааст
470

Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 марти соли равон давоми моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, ба анҷом расид, хабар додааст Вазорати мудофиа.

Бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулини комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрели соли равон маъракаро 100 фоиз анҷом доданд.

То 31 май вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои маъракаи пешбинигардидаи даъват гузориш доданд.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, хеле зиёд аст. Аз ҷумла, сомонаи "Оила" иттилоъ дод, ки Аҳлиддин Баҳодурзода, писари шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар рӯзи аввали сафарабарӣ ба хидмати ҳарбӣ - 1 апрел, аз ҳисоби Ворух ба сафи артиш пайвастааст.

Инчунин, хонед:

ПИСАРИ РАИС БА ХИЗМАТ РАФТ

Вале бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар ин самт шаҳрвандоне низ  буданд, ки баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир нашуданд. Дар айни ҳол рӯйхати онҳо тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон тадбирҳои қонунӣ андешида мешавад. 

То ин замон аллакай чанд ҷавони синни даъватӣ барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷазо гирифтанд. Аз ҷумла, моҳе қабл Прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ нисбати се даъватшаванда барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Дар ин бора ҳафтаномаи “Машъал”, нашрияи расмии МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ хабар дод.

Манбаъ аз ин се нафар ном набурда, танҳо навишт, ки ҳар се сокини ин ноҳия буда, моҳи марти соли равон баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва гирифтани даъватнома барои хизмати ҳарбӣ, бе ягон асос ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.

Прокуратураи Мастчоҳ бар зидди онҳо барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (моддаи 343, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Қаблан Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъват ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД