goodwell
Вирусе, ки ба касалии саратон мерасонад
30.08.2026
Oila.tj
87

Вируси папилломаи одам барои бисёриҳо шинос аст, вале аксарият онро як вируси оддии безарар гумон мекардаанд. Тадқиқотҳои солҳои охир нишон доданд, ки дар асл вируси папилломаи одам ба гурӯҳи вирусҳои хатарнок дохил шуда, метавонад инсонро ба бисёр касалиҳо, аз ҷумла бемориҳои вазнин ба мисли саратони гарданаки бачадон ва саратони узвҳои таносул гирифтор созад.

Папиллома чанд навъ мешавад?

Папиллома зиёда аз 100 намуд дошта, 13 намуди ин вирус манбаи пайдоиши касалии саратон ба шумор мераванд. Аз ҳамин сабаб бо мақсади пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон соли гузашта дар кишварамон маъракаи Иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам гузаронида шуда, дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ ба духтаракони синни аз 10 то 14 сола воксинаи “Гордасил” гузаронида шуд, ки хатари пайдоиши саратонро то 97% пешгирӣ менамояд. Бо мақсади ҳифзи саломатии миллат ва ҳимояи наслҳои ҷавон аз ин намуди саратон минбаъд ҳамасола ба духтарони синни 10 сола ин воксина гузаронида мешавад.

Папиллома чӣ тавр мегузарад?

Вируси папилломаи одам асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ аз одами бемор ба шахси солим мегузарад, аз ҳамин сабаб бештар ҷавонон аз ин вирус сироят меёбанд. Бояд гуфт, ки байни гирифторони вируси папилломаи одам намояндагони ҷинси латиф кам нестанд. Намудҳои 16 ва 18-и вируси папилломаи одам махсусан хатарнок буда, занро ба бемории саратони гарданаки бачадон гирифтор намуда метавонанд.  Ин вирус барои мардон низ хатарнок буда, мардро ба саратони ғадудҳои ҷинсӣ мубтало месозад.

Фавти зиёда аз 300 ҳазор занон

Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки дар 70%-и ҳолатҳо пайдоиши саратони гарданаи бачадон ва узвҳои таносулӣ маҳз ба вируси папиллома алоқамандӣ дорад. Қобили зикр аст, ки дар миқёси олам саратони гарданаи бачадон дуввумин бемории дар байни занон паҳншуда ба шумор рафта, ҳамасола бонувони зиёде ба он мубтало мегарданд. Тибқи маълумотҳои ахири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола беш аз 300 ҳазор занон аз саратони гарданаки бачадон мефавтанд, ки ин омори хеле бузург аст. Аксари қурбониёни саратони гарданаи бачадон сокинони кишварҳои қафомонда буда, дар давлатҳое, ки эмгузаронӣ ба муқобили ин вирус ба ҳукми анъана даромадааст, беморӣ камтар мушоҳида мешавад.

Сабабҳои сироятёбӣ

Манбаҳои асосии сироятёбӣ аз вируси папилломаро мавриди таҳқиқ қарор дода, олимон ба хулосае омаданд, ки сабабҳои зерин боиси сироятёбии одамон аз ин вирус мегардад:

1. Хеле барвақт оғоз намудани муносибатҳои шаҳвонӣ.

2. Ишқварзии бетартибона ва шумораи зиёди шарикони шаҳвонӣ.

3. Истифода бурдани маводҳои нашъаовар.

4. Паст шудани иммунитет (Одамони ба ВИЧ инфексия гирифтор ба осонӣ аз намудҳои гуногуни вируси папиллома сироят меёбанд).

Нишонаҳои беморӣ

Баъзе намудҳои вируси папилломаи одам дар бадали ду сол худ аз худ нест мешаванд, вале навъҳои 16 ва 18-и он дар ҷисми инсон амиқ ҷойгир шуда, дар сурати сари вақт табобат накардан ғадудҳои саратонӣ, аз ҷумла саратони гарданаи бачадонро ба вуҷуд меоранд. Маъмулан вируси папилломаи одам дар оғози сироятёбӣ аз худ дарак намедиҳад. Нишонаҳои беморӣ вақте зуҳур менамоянд, ки саратон авҷ гирифта, реша медавонад.

Нишонаҳои зерин аз пайдо шудани саратони гарданаки бачадон дарак дода метавонанд:

1.     Хунрав шудан дар фосилаи байни ҳайз

2.     Хунравӣ ҳангоми алоқаи ҷинсӣ

3.     Дарди сутунмуҳра, миён ва пойҳо

4.     Эҳсоси хастагии ҳамешагӣ

5.     Якбора кам шудани вазни бадан, яъне лоғар шудани шахс

6.     Гум шудани иштиҳо

7.     Эҳсосоти нохуш дар маҳбал ва ташарруҳот (виделения)-и бадбӯй

8.     Варам кардани як пой

Бемории маккор

Қобили зикр аст, ки вируси папилломаи одам касро якбора гирифтори саратон намесозад. Тавре ки болотар гуфтем, аксари намудҳои ин вирус худ аз худ нест мешаванд, вале фориғболӣ кардан лозим нест, чунки зеро боқӣ мондани миқдори хеле ками вируси папилломаи одам, махсусан навъҳои 16 ва 18-и он дар ҷисми инсон низ метавонад касро ба бемориҳои пеш аз саратонӣ ва баъдан ба саратони гарданаки бачадон гирифтор созад.

Одатан саратони гарданаки бачадон ба оҳистагӣ реша медавонад. Вируси папилломаи одам бонувони иммунитеташон пурқувватро дар бадали 15-20 сол оҳиста-оҳиста ба саратони гарданаки бачадон гирифтор месозад, вале барои аз пой афтонидани зане, ки қувваи муҳофизатии организмаш суст аст (гирифторони ВИЧ-инфексия) ҳамагӣ 5-10 сол кифоя аст.

Скрининг кунед!

Яке аз усулҳои самарабахши мубориза бо саратони гарданаки бачадон гузаштан аз ташхиси махсус-скрининг мебошад. Скрининг тестест, барои аниқ намудани ҳолатҳои пеш аз саратонӣ ва саратон дар занон гузаронида мешавад. Ба бонувон маслиҳат медиҳем, ки ин тестро ҳатман гузаранд. Дар ҳолати худро комилан солим эҳсос намудан низ зан, махсусан бонувони 38-40- сола бояд ақаллан як-ду маротиба скрининг кунанд, зеро саратони гарданаки бачадон дар оғоз аз худ дарак намедиҳад.

Ба даҳшат наафтед, агар…

Скрининг ҳолати пеш аз саратонӣ ё саратони гарданаи бачадонро дар шумо муайян намояд, ба даҳшат афтида, дарҳол худро руҳан ба мурдан тайёр накунед. Ба ҷойи беҳуда ғам хӯрдан ба мутахассисон муроҷиат намуда, бо маслиҳати духтур доруву дармони заруриро бигиред ва амалиётҳои лозимаро гузаронед. Табобати саривақтӣ ҳолати пеш аз саратониро ба осонӣ бартараф карда, авҷ гирифтани бемориро пешгирӣ менамояд. Дар ёд дошта бошед, ки дар оғози пайдоишаш саратони гарданаки бачадонро табобат намудан имконпазир мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД