formula55
Як ҷавонро раъду барқ заду 15 хонаро сел зер кард
495

 

Боришоти пуршиддати рӯзҳои охир ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишварамон зарари зиёди моливу ҷонӣ расонд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд як ҷавони 17-соларо раъду барқ зада, ҳамзамон чандин хона бар асари омадани сел зарар дидаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, рӯзи 23-юми апрел, тахминан соатҳои 13:30 як ҷавони 17-соларо ҳангоми чарронидани чорво дар кӯҳ раъду барқ задааст. Ин ҳодисаи нохуш дар деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон рӯй дода, ҷавон бар асари расиши барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Ҳамон рӯз соатҳои 15:43 дар шаҳри Исфара сел омада, бар асари боришоти зиёд дар маҳаллаи ба номи Ибод Файзуллоев ба 15 хонаи истиқоматӣ об даромада, 3750 метр роҳро лойоба ва сангу қуму рег пур кардааст.

Дар робита бо ин ҳодисаҳои нохуш аз аҳолӣ, махсусан сокинони минтақаҳои кӯҳӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои истироҳат эҳтиёт бошанд ва бидуни зарурат фарзандони худро барои чидани чукриву торон ё молчаронӣ ба кӯҳ нафиристанд, зеро дар ин рӯзҳо хатари омадани сел, боридани жола, раъду барқ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ мавҷуд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД