Commerce bank may-june 2026
Як филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи байналмилалии синамо 3 ҷоиза ба даст овард
82

Як филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи байналмилалии синамо, ки дар шаҳри Бишкеки кишвари ҳамсояамон Қирғизистон баргузор гардид, якбора се ҷоиза ба даст овардааст.

Филме, ки соҳиби 3 ҷоиза гашт, “Таваллуди дигар” ном дошта, ба навиштаи расонаҳо, соли 2025 дар ҳамдастӣ бо синамогарони Амрико ва Қатар офарида шудааст. Коргардони филм Изабелла Қаландар Гран-Прии барномаи саноатии “Bars in Progress”-ро барои лоиҳаи наве, ки дар марҳилаи таҳия қарор дорад ва идомаи ғоявии филми “Таваллуди дигар” будааст, ба даст оварда, худи филм сазовори ҷоизаи Иттифоқи байналмилалии мунаққидони синамо гаштааст.

Ду нафар ҳунармандони ин филм - Шукрона Наврӯзбекова ва Шоира Абдулғаёзхонова ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”-ро сазовор гаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД