Commerce bank may-june 2026
Як камбудии зан, ки дари бахтро ба рӯяш мебандад
19.06.2026
Oila.tj
82

Дар зиндагӣ занҳое ҳастанд, ки ҳусни зебою қаду қомати расо доранд ва кадбонуи хуб ҳам ҳастанд, вале як айб доранд - шаттоҳӣ мекунанд. Аксари мардон аз чунин бонувон роҳи гурез меҷӯянд ва маликаи ҳусн бошад ҳам, бо духтари ҷанҷолӣ издивоҷ кардан намехоҳанд. Чаро?

Мардҳо хуб медонанд, ки ин тоифаи бонувон баҳудаю беҳуда ҷангу ҷанҷол кардану доду фиғон бардоштанро дӯст медоранд ва мисли девори намкаш аз ҳама чиз меранҷанд. Мабодо ягон кор табъи дилашон нашавад, бо ҷангу ҷанҷол ё гиряву таҳдид масъаларо ба фоидаи худ ҳал кардан мехоҳанд. Табиист, ки мард намехоҳад як умр сараш дар ҷанҷол бошад. Беандешагии ин тоифаи занҳо мардонро ба ҳарос оварда, гурезон мекунад. Мард метарсад, ки мабодо ягон рӯз ин занаки беақл даст ба худкушӣ назанад ва ҳомиёни қонун ӯро гунаҳкор карда, пушти панҷара ҷо накунанд.

Аз ҳамин сабаб, аксари мардҳо кафшу маҳсиашонро монда, пойлуч аз зани ҷанҷолӣ мегурезанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД