sebiston july new
Як хатои апаам модарро кушт
25.02.2022
ОИЛА
4827

Ман як духтари бе оча мехоҳам сарнавишти талхамонро бо воситаи сомонаи Оила. ТҶ нақл кунам, то ки ба дигар духтарон дарси ибрат гардад.

Мо дар оила се духтарем. Падарам “ту фақат духтар мезоӣ” гуфта, чандин сол пеш модари бечораамро талоқ дода, баромада рафта буд ва зани дигар гирифта, моро тамоман суроғ намекард. Модари зорам бо сад ранҷу азоб мо, се духтари бепадарашро ба воя расонида, луқмаи ёфтаашро ба даҳони худ не, ба даҳони мо мемонд, вале ба танҳоӣ тарбия намудани фарзанд барои зан душвор будааст. Ману хоҳараки хурдиам аз гапи модар берун намебаромадем, вале апаам Мунира, ки нисбатан калонтар ва духтари қадрас шуда буд, модарамро писанд намекард.

Хуши пухтупазу шустушӯй ва дигар корҳои рӯзгорро надошт, рӯзи дароз телефон дар даст бо ким-киҳо чақ-чақ мекард. Модарам бо кӣ ин қадар суҳбат карданашро пурсанд, мегуфт, ки фалон дугонааш занг задаст, вале баъдтар маълум шуд, ки апам бо як марди зандор ошноӣ доштааст.
Модари бечораам танҳо вақте аз асли ҳодиса огоҳ шуд, ки зани он мард ба сараш омада, қиёматро қоим кард. Модари ман зани танҳо ва камбизоат бошад ҳам, бисёр зани бо нангу номус буд. Ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табор ӯро ҳамчун зани бисёр  покдомон ва бамаънӣ мешинохтанду ҳурмату эҳтиром мекарданд, бинобар ин, ба сараш омадани ин зан барои ӯ зарбаи бисёр сахт буд. Бечора модарам бо як азоб он занро ором карда, ваъда дод, ки пеши роҳи духтари беандешаашро мегирад. Зан суханони қабеҳи зиёде зада бо доду фиғон баромада рафт.
Модарам апаамро ҷазо дода, дар хона маҳкам кард ва худ зор-зор ба гиря даромад. Ҳамон рӯз аз ғаму алам модарам ҳатто як қатра об ҳам нанӯшид, саҳар бошад, аз хоб бедор шуда бори аввал модарамро дар саҳни ҳавлӣ надидем. Гумон кардем, ки хаста шуда хобаш бурдааст, вале офтб баромада бошад ҳам, модарам ҳеҷ аз хона берун намешуд. Вақте ки ӯро бедор карданӣ шуда ба хона даромадам, модарам мисли мурда карахт ва ноҷумбон буд. Доду фиғон бардошта ба хонаи ҳамсоя давидам, ки холаҷон, биёед, ки бо модарам чизе шудаасту намеҷунбад. Ҳамсояҳо дар як дам ҷамъ шуда модарамро ба беморхона бурданд. Маълум шуд, ки модарам ба сактаи мағзӣ-инсулт гирифтор шудааст. Муддати се шабнарӯз табибион бари аз марг наҷот додани ҷонаш талош карда бошанд ҳам, ягон мурод ҳосил нашуд ва саҳари рӯзи чорум модарам бо дили пурормон аз дунё гузашт.
Ҳамин тавр мо се духтари бе падар аз модар ҳам маҳрум гаштем. Апаам аз кори кардааш сахт пушаймон шуда, хун мегирист, вале тақдири талхро дигар тадбир карда намешуд.
Аз байн чанд сол гузашта ҳоло апаам соҳиби хонаву дари обод аст ва се фарзанд дорад. Ману хоҳари хурдиам низ оиладор шудем, аммо то ба имрӯз ин ҳодиса мисли як захми бедаво дар диламон боқӣ монда, ҳар гоҳ духтареро бо модараш саргарми сӯҳбати ширин бинем, гирён мешавем.
Ба духтарҳо гуфтаниям, ки боандеша бошад ва ҳар як қадами худро дониста гузоранд, зеро як хатои духтар метавонад натанҳо ҳаёти худи ӯро бисӯзад, балки боиси бадномии тамоми авлод гашта, фоҷиаҳои зиёдеро ба бор оварад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД