goodwell
Як муҳоҷири тоҷик бар асари сӯхтор дар Омск ҷони худро аз даст додааст
17.08.2026
Оила
75

Як муҳоҷири тоҷик бар асари сӯхтор

дар Омск ҷони худро аз даст додааст

Рӯзи 15-уми август дар сохтмони як бинои баландошён, ки дар чорроҳаи кӯчаҳои Крупская ва Архитекторови Омск воқеъ гашта, сохтмонаш идома дошт, сӯхтор сар зада, бар асари ин ҳодисаи нохуш як муҳоҷири 39-солаи тоҷик ҷони худро аз даст додааст.

Тибқи навиштаи расонаҳои русӣ дар ин оташсӯзӣ 11 нафар кормандони ширкати сохтмонӣ осеб дидаанд ва яке аз онҳо, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, дар беморхона ҷон додааст. Гуфта мешавад, ки 90%-и бадани муҳоҷири тоҷик сӯхта буд ва табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бубахшанд.

Айни замон 7 нафар захмиён дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, 3 нафар осебдидагони сӯхтор бо сабаби сабук будани ҷароҳатҳояшон ба хона рухсат шудаанд.

Дар байни захмиён ду муҳоҷири ӯзбекистонӣ ҳам будааст.
Мақомоти тафтишотии Русия дар робита бо ин ҳодиса бо гумони “нақзи талаботи ҳифозати кор” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД