Formula september
Як рӯз уболам мегирад (ҚИСМИ 5)
07.09.2024
АРДАШЕР
2373

Ниҳоят тағояш Хушбахтро гирифту ба аммааш супорид, вале амааш намехост, ки ӯро қабул кунад.

- Ташвишҳои худам ба худам басандаю расанда,- мегуфт ӯ.

Бо вуҷуди ин тағояш Хушбахтро ба хонаи Муҳаббат гузошту рафт. Ӯ ба тақдир тан доду кӯдакро қабул кард.

Хушбахт рӯз аз рӯз лоғар мешуд ва беҳолу бемадор мегашт. Моҳҳо гузаштанду солҳо ҳам сипарӣ шуданд. Ӯ аммаашро модару язнаашро падар гуфта фарёд мекард. Кӯдаки чорсола баробари онҳо заҳмат мекашид, кор мекард. Агар хатое кунад, зери мушту лагад мемонд. Зеро язнааш ӯро дар хона дидан замон ғазабнок мешуд. Бар замми ин, аммабачаҳояш ӯро ҷанг мекарданду мезаданд.

Муҳаббат аз чунин ранг гирифтани кор тарсида, барои аз хона дур кардани Хушбахт чораҳо меҷуст, фикр мекард ва ниҳоят роҳу риштаеро пайдо кард.

- Дадеш, Султони даҳмардаро мешиносед?,- аз шавҳараш суол кард Муҳаббат.

- Бале, чӣ шудааст ба ӯ?

- Қариб 10 сол мешавад, ки фарзанд надорад. Дирӯз ҳамсараш гуфт "шумо бо чор кӯдак агар азоб мекашед, хоҳед Хушбахтро ба мо диҳед, мо калон карда медиҳем. Бар ивазаш аз шумо чизе намехоҳем. Дар хонаамон шодии кӯдак бошад шуд".

- Э занаки девона, майлаш нагуфтӣ? Аз ҳамин шумқадамат халос шавем, шуд. Лекин боз гӯй, ки барои дар хонаашон истодан ба мо 500 сомонӣ диҳад. Ман медонам, кӯдак ба даҳмарда кумак мекунад. Ӯ баҳра бараду мо не-мӣ?

Ҳамин тавр розӣ шуданду ба хулосае омаданд, ки Хушбахт дар хонаи даҳмарда раваду зери тарбияи ӯ ба камол расад.

Хушбахт дар он хонадон ба маънои томаш хушбахт буд. Дар муддати кӯтоҳ ҳол гирифта, фарбеҳ шуд. Пас аз се моҳи нигоҳубини Хушбахт ҳамсари даҳмарда ҳомила шуд. "Дадаш, ин неъмат ба мо барои сила кардани сари ятим дода шуд",- мегуфт хушҳолона ӯ. Зеро зану шавҳар баъди даҳ соли интизорӣ умедашонро аз фарзанддор шудан канда буданд.

Хушбахт дар хонаи даҳмарда озод зиндагӣ мекард, баъди даҳсола шуданаш ба ӯ маош ҳам медод. Вай пулҳояшро ҷамъ карда, ба падару модараш (аммаву язнааш) мефиристод. Баъзан як-ду ҳафта ба хонаашон мерафт, вале боз зери шартаю шурта ва дашному ҳақоратҳои онҳо мемонд. Хушбахт намедонист, ки чаро ӯро ин қадар волидонаш бад мебинанд. Ба хоҳару додаронаш чунин хунукназарона муносибат намекунанду ба ӯ бошад, муносибати сард доранд.

Рӯзе язнааш шароб нӯшида омаду аз Хушбахт пул талаб кард. Хушбахт ҳарчанд мегуфт, ки пул надорад, вале ӯро зери мушту лагади бардавом қарор дод. Дар ниҳоят оташгираки тафсонро дар якчанд ҷойи баданаш зер карда гирифт.

Ҳамин тавр солҳо гузашт. Хушбахт ҳамоно аз дасти онҳо азият мекашид. Рӯзе хоҳарашро маҷбур кард, ки тамоми ҳақиқатро ба ӯ нақл кунад. Духтарак аз тарси зиёд ҳамаи он чизеро, ки медонист, нақл карда дод.

Хушбахт ба гуфтаҳои хоҳараш бовар накард ва назди амини маҳалла рафт. Ӯ тамоми ҳодисаву воқеаҳои гузаштаро ба Хушбахт нақл карда дод. Хушбахти акнун ҷавон 16 сол дошт. Ӯ баъди фаҳмидани ҳақиқат ба хона омаду як мактубе навишту рафт: "Ман тамоми ҳақиқатро фаҳмидам амма, фаромӯш накунед, як рӯз уболам мегирад".

Аз байн боз солҳо гузаштанд. Бо кумаки даҳмарда ва шахсони саховатпеша Хушбахт роҳу равиши корро ёфт. Тиҷорати худро ба роҳ монд. Баъди 15 сол алакай як тоҷири муваффақ шуд.

Язнааш аз шаробнӯшии зиёд вафот кард. Аммаашро фарзандонаш ҳурмату эҳтиром намекарданд, ӯро дар замони пирӣ аз хона ронданд. Муҳаббат он дарду ранҷҳоеро, ки Хушбахт дида буд, кашид ва он рӯзҳоро ба ёд оварда, хун мегирист.

Ҳамон мактуби Хушбахт дар дасташ буд...

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД