Arzon april 2022
Як рӯзи аскарбачаҳо
23.02.2022
Оила
390
Як рӯзи аскарбачаҳо

Ҳамасоли 23-юми феврал Рӯзи таъсиси қуваҳои мусалаҳи кишвар таҷлил карда мешавад. Имсол аз ин санаи таърихӣ 29-сол сипарӣ гашта, таи ин солҳо ҳамарӯза аскарону афсарони шуҷоъи тоҷик барои дифоъ аз марзу буми диёри аҷодии худ ва пайи ҳифзи Ватани азизамон сина сипар мекунанд. Аз ҳамин хотир бо нияти таҳияи як барномаи ҷолиб аз аскарбачаҳо мо роҳи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишварро пеш гирифтем.

Қисми низомии 35 02 аз як чанд рота ва боталён иборат буда, шароити хуби хизмат барои сарбозону афсарон фароҳам оварда шудааст. Дар ин қисми ҳарбӣ варзишгоҳ, китобхона, ҳамом, сартарошхона амал мекунад, ки пурра бо лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои машқу тамрин ва обутоби қисмонии аскарон хизмат мерасонанд.

Тавре ки Алишер Йигитзода, подполковник, муовини командири қисми ҳарбӣ ҳангоми сӯҳбат қайн намуд, дар баробари машқу тамрини ҳарбӣ барои сохибкасб гаштани аскарон устохнаҳои алоҳида мавҷуд буда, барои омӯхтани кандакорӣ, дузандагӣ ва дигар касбу ҳунарҳ ба сарбозон беҳтарин мутахассисон ҷалб карда шудаанд.

Аз рафти сӯҳбат боаскарон ва ошноӣ бо фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо маълум гашт, ки хизмат ба Ватан-модар ҷавононро дар рӯҳияи мардонагӣ ва шуҷоат тарбия намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарвариро дар вуҷуди насли ҷавон парвариш медиҳад.

Сухбати аскарон

Афсарону сарбозон дар вақтҳои холигӣ махсусан дар рӯзхои истирохат байни ҳам мусобиқаҳои шеърхонӣ ва сурудхониро гузаронида, ватанро таранум менамоянд.

Сухбати хофиз

Давлатзода Айниддин яке аз н аскарбачаҳои боистеъдод ва донишманди тоҷик аст, ки чанде ппеш даряк озмун дар аз худ кардани таърихи точкион аз руи Китоби “Точикон”-и Бобочон Ғафуров ҷои аввалро сазовор гаштааст.

Кадри китобхона

Барои сарбозону афсарон ду ошхонаи барҳаво бо 300 ҷои нишаст муҳаё карда шуда, аскаронбачаҳо се вакт бо хуроки гарм таъмин карда мешаванд.

Барои баргузории вохуриҳо ва ҷамъомадҳои расмию солона малисгоҳ бо 360 ҷои нишаст ва шароити муосир сохта шудааст. Боғу токпарвари ва зироаткорӣ дар ин қисми низомӣ яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи сарбозони ин қисми низомӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД