arzon replenishment
Як шаби наҳс Қисми 2
2380

            Тиловати «Қуръон» ва ошӯби моиндар

Дар мактаб ҳама бачаҳо бо ман дӯст буданд, роҳбари синфамон бошад, маро чун писари худаш дӯст медошту шумо мусофир гӯён, бо даводави зиёд хонданамро ройгон кард, боз ҳамеша аз хонааш бароям маводи хӯрданӣ меовард ё ин роҳкиро гӯён, ба кисаам пул низ меандохт. Дӯсти аз ҳама ҷониям тоторбачае бо номи Равил буд. Падари Равил мулло буду дар як муддати кутоҳ ба ман хондани «Қуръон»-и маҷидро ёд дод. Аз мушкилиҳои хонаводагиямон танҳо ба Равил нақл мекардам, ӯ ҳамеша маслиҳат медод, ки намоз хону аз Худованд ба падарат имон ва ба моиндарат раҳму шафқат талаб намо. Ман ба намозхонӣ сар кардам, намозамро сари вақт мехондаму ҳар шаб як соат тиловати «Қуръон» мекардам. Ин амалам ба моиндарам маъқул нашуд, чун фаҳмид, ки ман дӯсти тотор дорам, қиёматро қоим кард:

- Ту балозада, медонӣ, ки тоторҳо ҷодугаранд?! Ё аллакай илми сеҳру ҷодуро низ ёд гирифта, маро ҷоду карданиӣ?!

-Оча, ман ҷодугар нестам, танҳо қарзамро назди Худованд ба ҷо меорам,- мегуфтам бо мулоиматӣ. Аммо ӯ аз фикраш намегашт, шаб агар каме бо вози баланд «Қуръон» хонам, ба сарам омада, арбада мебардошт. Сари ҷонамоз бо гиряву зорӣ аз Худованд илтиҷо мекардам, ки ба хонаамон оромию сафо баргардад, ба падарам тавфиқ металабидам…

Ҳамин тавр рӯзу моҳҳо сипарӣ мешуданду ман синфи даҳро бо баҳои аъло тамом карда, ба синфи ёздаҳ гузаштам. Моиндарам ҳамоно бо мо ҷангӣ буд, оқибат як рӯз лоқу парашро бардошта, ба хонаи тағояш рафт ва баъдтар шунидем, ки хонаи иҷораи алоҳида гирифтааст. Падарамро ба хонааш роҳ намедод, бо дахолати тағои моиндарам ӯро аз кор низ ронданд, акнун ӯ май менӯшиду ману додарам, ҳатто баъзан нони хӯрдан намеёфтем. Роҳбари синфамону хонаводаи Равил моро дар ин лаҳзаҳо дастгирӣ мекарданд, муаллимамон бо падарам чанд бор ҳамсӯҳбат шуд, ӯ бисёр мехост ман мактабро дар Русия хатм намоям. Аммо чунин нашуд, моҳи апрел соҳиби хонае, ки мо он ҷо иҷора менишастем, падарамро барои надодани пули думоҳаи иҷора чунон лату кӯб кард, ки дигар ӯро шинохта намешуд. Дигар илоҷ надоштам, ба бибию бобоям занг задам, бо пули фиристодаи онҳо ва ёрии падари Равил мо билет гирифта, ба Ватан баргаштем, ҳоло дар хонаи бибию бобоям зиндагӣ мекунем. Падарамро як рафиқаш ҳамроҳаш ба Корея бурд, ӯ пеш аз рафтанаш бароям сиреро кушод, ки то ҳол даҳшати шунидаи онрӯзаам маро тарк накардааст…

 

Асрори рафтани модар ва хиёнати амак

Падарам 47 сол дошта бошад ҳам, дар назар мисли шастсолаҳо метобад. Шабе, ки рӯзи дигар бояд сафар мекард, модаркалонам ош пухт, мо сари як миз ҷамъ омадем, аз бибиям хоҳиш кардам то ба амакам низ занг занад:

- Бибиҷон, падарам бар дунё шумо ва амакамро доранд, ман мехоҳам онҳо ба ҳам оштӣ кунанд, ман ҳамроҳи амакам рафтуомад кунам, охир фарзандони он кас додару хоҳарони ман ҳастанд. Шояд бас аст ба ҳамдигар бе ҳеҷ сабаб кина варзидан?!- Модаркалонам маънидор ба падарам нигоҳ карданд, падарам гӯё нашунида бошанд, хомӯш буданд, фақат бобоям уфи дуру дарозе кашиданду халос. Додарам, ки бомазза хӯрданро дӯст медорад, пешниҳод кард, ки ошро кашанд, модаркалонам зуд аз пайи хоҳиши ӯ шуданду пешниҳоди ман дар ҳаво монд, вале… Ман ҳамеша ҳамроҳи падарам мехобидам, он шаб падарам сарамро ба оғӯшаш гирифта, мисли ҳамон шаби наҳс талх гиристу бо овози хастаю гирифта гуфт:

- Бачаҷон, ту гумон мекунӣ, падарат инсони бадест? Шуморо аз модар бе ҳеҷ сабаб ҷудо кард, бо додари ягонааш гап намезанад, ҳамаи дороияшро ба як пиёла май фурӯхт?! Не, бачам… Пагоҳ ба сафари дур мебароям, кӣ медонад бармегардам ё не? Барои ҳамин, ту писари азизам бояд аз фоҷиаи умри ман бохабар бошӣ. Ман модари туро ҳамон шаби касофатбор бо додарам дар бистар доштам, онҳо гумон доштанд, ки ман ба Арабистон паридам ва бе тарсу ларз ба айшу ишрати ҳаромашон машғул шуданд. Модарат аз тарси ҷон қоил шуд, ки чор сол боз дар вақти набудани ман бо додарам мисли зану шавҳар зиндагӣ мекунад. Ман ягон ташхис нагузаронидам, аммо гумон мекунам додарат фарзанди ман нест… Модарат зиндаву саломат аст, аз рӯйи шунидам амакат дар қатори зани худаш барои ӯ низ хонаву дар харида нигоҳубинаш мекунад. Агар хоҳӣ, ихтиёрат, ба назди ӯ рав, додаратро низ бар… Аммо ман аз шумо қарздорам, Худо хоҳад, барои ҳардуятон хонаву дар карда, баъд ба он дунё меравам, намедонам пеши Худо чӣ гуноҳ доштам, ки аз саодати оилавӣ бенасибам сохт… Он шаб то рӯз гиристам бидуни ҳарфу калом….

 

                                       Мунозира бо модар

Инак, ду моҳ боз падарам дар Корея кору зиндагӣ мекунад, шароити корашро хуб мегӯяд. Худам низ баъди хатми мактаб наздаш меравам. Тамоми қувватамро сарф мекунам то давлати барбодрафтаи падарам баргардад, пеши худ азм кардам, ки аввал барои ӯ хона харида, зани ботақвоеро барояш хостгорӣ мекунам. Офарин ба падари ман, ки ин қадар бори нангу номусро кашида, шикаста бошад ҳам, нарехтааст. Боварӣ дорам, ки Худованд ба модарам подоши гуноҳҳои кардаашро мефиристад. Ҳарчанд падарам маро ба ихтиёри худам гузошт, ман ҳоло тайёр нестам модарамро бубахшам. Зеро беиродагии ӯ падарамро дар рӯйи ҷаҳон овора ва моро аз хушиҳои кӯдакӣ маҳрум сохт. Охир, ба ӯ чӣ намерасид?! Падарам марди зебо, доро ва ниҳоят дилсафед аст, пас чаро ба ӯ хиёнатро раво дид? Ман занонеро медонам, ки бо майхора, нашъаманд, ҷоҳил, бемор зиндагӣ доранду хиёнатро ба эшон раво намебинанд. Шояд рӯзе фаро мерасад, ки Худованд бахшишро бар дилам меандозад. Ҳоло бошад, сари саҷҷода Худоро зора мекунам, ки маро ба ҳама ниятҳоям расонад. Шумо ҳам омин гӯед, хонандагони азиз.

                                                                                  

                              Н…..

                          Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шоира 2023-05-09, 23:58
Бародари Азиз ахсан ба падаратон ки дар пастиву баландии зиндаги тоб овардан илохим дуое ки шумо ба падаратон мекунед чомаи амал пушад Ба шумо мувафакият хохонам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шоира 2023-05-09, 23:58
Бародари Азиз ахсан ба падаратон ки дар пастиву баландии зиндаги тоб овардан илохим дуое ки шумо ба падаратон мекунед чомаи амал пушад Ба шумо мувафакият хохонам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД