Oila 5 years
Ятимов: Роналду ишорае карду ман ҷавобаш додам
1275

Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи “Истиқлол”, ҷанҷоли лафзӣ ва баъдан, дӯстиашро бо Криштиану Роналду, ситораи муосири футбол, шарҳ дод.

Ятимов гуфт, Роналду дар ҷараёни бозӣ каме асабонӣ буд, зеро тими тоҷикон бозиро кашола медоданд.

“Дар ин бозӣ “Ал-Наср” хеле бо суръати баланд бозӣ мекард ва мо бояд тамоми усулҳоро барои паст кардани он истифода мекардед. Ин муқаррарӣ аст ва ҳамаи дастаҳо ин корро мекунанд", - гуфт Рустам.

Ӯ шарҳ дод, ки дар раванди бозӣ миёнашон ҷанҷол сурат гирифту Роналду ба сӯяш ишорае кард ва футболбози тоҷик ҳам бо забони русӣ посухаш дод.

Чун ба ёдаш омад, ки ӯ русиро намефаҳмад, бо забонҳои сербӣ ва англисӣ давом дод. Аммо баъд аз ин Роналду ӯро ба оғӯш гирифта, ҳамроҳаш дӯст шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” дар шаҳри Риёз доир шуда, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи саудиҳо анҷом ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД