17-уми апрели соли 2026 ЮНИСЕФ Тоҷикистон ва меҳмонхонаи Crowne Plaza by IHG муаррифии аввалин Шоми хайриявӣ бо музоядаро, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, бо иштироки рӯзноманигорон, намояндагони ВАО ва блогерон баргузор намуданд.
Шоми хайриявӣ қисми анъанаи ҷаҳонии ЮНИСЕФ мебошад, ки соҳибкорон, намояндагони доираҳои дипломатӣ, шахсиятҳои маъруф ва ҳунармандонро барои баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби маблағ ба манфиати эҷоди ояндаи беҳтар барои кӯдакон муттаҳид месозад.
Аввалин Шоми хайриявӣ дар Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки хизматрасониҳои дахолати барвақтиро барои ҳадди ақал 1000 кӯдак дастгирӣ намуда, ҳамкориҳои минбаъдаро барои густариши марказҳои дахолати барвақтӣ дар саросари кишвар тақвият бахшад.
Дар ҷараёни чорабинӣ Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен таъкид намуд: «Ҳар як кӯдак арзишманд, зебо ва нозук аст, мисли абрешиме, ки дар ин сарзаминҳои бостонӣ истеҳсол ва интиқол дода мешуд. Онҳо сазовори онанд, ки мо ваъда диҳем, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ҳар яке аз онҳо имкони рушд ва пурра амалӣ намудани қобилиятҳои худро дошта бошад».
Муҳтавои Шоми хайриявӣ 17-уми апрели соли 2026 дар Crowne Plaza Dushanbe муаррифӣ гардид.

Намояндагони ВАО ва инфлюенсерон имконият пайдо карданд, ки дар бораи дидгоҳ, барнома ва таъсири интизории ҷамъоварии маблағ дар самти ташкили марказҳои дастгирии кӯдакон, бахусус кӯдакони осебпазир маълумоти бештар гиранд.
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан тамос гиред:
Далер Додоҷонов - ddodojonov@unicef.org ё тавассути телефон: +992 93 999 0096