arzon replenishment
Задани Худо (қисми 2)
1750

Давомаш. Аввалашро дар ин ҷо хонед.

- Келин, ману фарзандонам рӯзи дароз дар хона нестем. Духтари хурдиям дастёри ту, ғайр аз руфтани ҳавлӣ ва хонаи хобат ба коре даст намезанӣ, косаи хӯроки хӯрдаатро духтарони ман мешӯянд, шавҳарат латтаи фаршӯият, аз гапат берун намебарояд, аз чӣ қаҳр карда, ба хонаат намеравӣ? Боз дар қадат кӯдак дорӣ… -ҳамин вақт апаам тарошаи аз бом афтидагӣ барин:

- Ман хонаву дари ҷудо мехоҳам, гапам ҳамин, ё аз писарат ҷудо мешавам,- гӯён бошаст аз сари дастурхон хеста рафт. Хушдомани апаам бо оби чашм лаби дастархонро гардонду “илоҳо аз умрат осуда набинӣ” гӯён, дастонашро ба рӯяш кашида рафт…

Нони ҷудоӣ

Пас аз рафтани хушдоманаш мо ҳамакаса апаамро сарзаниш кардем, ӯ ба касе чизе нагуфта, танҳо чашмонашро сӯи ман ало карда дод зад:

- Рав, дафъ шав ба хонаат, намурдӣ насиҳатчӣ!

Хулоса, баъд аз чор моҳи ин гуфтугузор апаам писарча таваллуд карду шавҳараш омада, ӯро ба хонаи худаш бурд. Хушдоманаш қарзу қавола карда, барои писараш як ҳавличаеро, ки соҳибаш кӯчида, ба шаҳр рафта будааст, харидорӣ намуд.

Акнун апаам ба қавли худаш нони ҷудоӣ мехӯрду дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надошт, худаш дар боғчаи кӯдаконаи дар шафати хонааш ҷойдошта ошпаз буду корди шавҳараш низ болои равған. Хонаю дарашонро таъмир карда, ашёҳои асосии рӯзгорро хариданд, худаш низ зебо либос мепӯшид.

Ҳар гоҳе ба хабаргирияш мерафтам, дастархони пурнозу неъмат ороста, албатта матои қимате тӯҳфаам мекард, аммо як гӯшаи дили ман хиҷил буд, зеро аҳли хонаводаи шавҳар бо ӯ умуман рафтуомад надоштанду дуои хушдоманаш дар гӯшҳоям ҳамеша садо медоданд.

Сояи сиёҳи дуо

Апаам парвое аз озурдагии хотири пайвандони шавҳараш надошт, дар ин миён бибию бобоям аз дунё гузаштанд, хушдомани апаам гӯё чизе нашуда бошад, бо дастархони пур аз кулчаву орзуқу ҳалво ба таъзия меомад, аммо бо келинаш гап намезад ва рӯйи набераашро низ нигоҳ намекард.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

РОҲҲОИ ҲАЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМИ ДЕҲОТ

Моиндару падарам апаамро маҷбур карданд, ки аз хушдоманаш бахшиш пурсида, ӯро ба хонааш даъват намояд ва дуои некашро гирад, аммо апаи якравам нписандона мегуфт:

-Э-шумо ҳам безор кардед, ҳамун бева авлиё аст, ки ман бояд дуояшро гирам?!

Апаам бори дуввум ҳомиладор шуду духтарчаи зебое тавваллуд кард, кӯдак ба ҳадде зебо буд, ки аз ӯ чашм канда наметавонистӣ, ба ӯ Марям ном гузоштанд. Писари калониаш Умедҷон сесола буду гирди хоҳаракаш парвона, аммо фоҷиае риштаи умри духтараки апаамро канд.

Марям нав ҳафт-ҳашмоҳа шуда буд, апаам дар ҳотаи наздиҳавлигияш кабудӣ мекоридаасту пас аз чанде овози кӯдак баланд мешавад. Ӯ аз Умедҷон, ки дуртарак бозӣ мекард, хоҳиш мекунад, ки рафта хоҳаракашро хабар гирад. Умедҷон ба таври худаш хоҳарашро хап доронданӣ шуда, гавҳораашро меҷунбонад ва гавҳора чаппа шуда, кӯдак даруни он нафасгир мешавад.

Апаам аз кӯдаконаш фаромӯш карда, корашро ба анҷом мерасонад, чун ба хона медарояд, Умедҷон саргарми бозӣ асту гаҳвора сарнишеб ва Марям каб-кабуд шудаасту аз даҳонаш кафкоба серезад. Апаам ҷонҳавл фарёд зада, ҳамсояҳоро ба ёрӣ мехонад, вале кӯдаки бечора алаккай ҷон ба ҷонофарин супорида буд…

Баъд аз Марям ду писарчаи дигараш баъди чор-панҷмоҳа шудан фавтиданд ва волидонам боз як бори дигар ба ӯ ёдрас карданд, ки аз хушдоманаш бахшиш пурсад, аммо ғурури нозарураш намегузошт то апаам ин кори оддиро кунад.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД