Arzon march 2024
Захми меъда аз чӣ пайдо мешавад?
2943


Захми меъда бемории ҷонкоҳест, ки дарди сахту ҷонгудозаш ҷони касро ба лабаш мерасонад. Маъмулан бо фаро расидани фасли тирамоҳ ҳоли гирифторони захми меъда табоҳ гашта, беморӣ авҷ мегирад. Тавре ки мегӯянд, пешгирии касалӣ аз табобати он осонтар аст, аз ҳамин хотир имрӯз мо ба шумо дар бораи сабабҳои пайдоиши захми меъда ва роҳҳои табобати он маълумот медиҳем.


Вақте ки меъда худро мехӯрад...
Захми меъда ба иллатнокии пардаи луобии меъда алоқамандӣ дорад. Бар асари вайрон шудани кори ин узви ҳаётан муҳими инсон шираи меъда девори меъдаро ба қавле “мехӯрад” ва дар натиҷа захмҳо пайдо мешаванд. Тафовути асосии захми меъда аз дигар бемориҳои меъда дар бисёр амиқ будани захмҳост, ҳатто баъди гузаштани курси пурраи табобат ва ба худ омадани мариз низ дар девори меъда осори захмҳо (шрам) боқӣ мемонад.
Сабабҳои пайдоиши беморӣ
Омилҳои пайдоиши беморӣ хеле зиёданд, вале бештар реҷаи нодурусти хӯрокхӯрӣ, аз ҳад зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои бирёнию сахт ва тезу тунду шӯр, бисёр дорӯ хӯрдан ва асабонияти шадид ба пайдо шудани захм дар меъда сабаб мешавад. Аз ин беморӣ бештар афроди 25-50 солае, ки реҷаи корашон вазнин буда, ҳамеша дар ҳолати стресс ва асабоният зиндагӣ мекунанд ва одатҳои бад доранд (сигор мекашанд, шароб менӯшанд...) азият мекашанд. Бемории захми меъда дар мардон нисбат ба хонумҳо бештар ба мушоҳида мерасад.
Захми меъда касалии ирсӣ аст?
Табибон бар замми сабабҳое, ки дар боло номбар кардем, боз 5 омили дигари пайдоиши захми меъдаро муайян намудаанд:
1. Бактерияҳои Хеликобактер-дар 50%-и ҳолатҳо маҳз ҳамин бактерияҳо инсонро ба захми меъда гирифтор месозанд. Халикбактерҳо бо воситаи ашёҳои умумӣ ва оби даҳон аз одами бемор ва афроди солими дар гирду атрофаш буда мегузаранд. Дар вуҷуди зани ҳомила бактерияҳои хеликобактер вуҷуд дошта бошанд, тифл ҳанӯз дар батни модар сироят ёфта метавонад.
2. Қабули дорӯвор-шахс муддати дуру дароз доруҳои зидди шамолхӯриро истеъмол намояд, ба захми меъда гирифтор шуда метавонад. Доруҳои дар таркибашон калсий дошта низ чунин хусусият доранд.
3. Захми меъда метавонад бар асари дигар бемориҳо, масалан аз сар гузаронидани касалии сил ва саратон низ ба вуҷуд ояд.
4. Ирсият-беморӣ хусусияти ирсӣ низ дорад ва аз насл ба насл мегузарад. Падару бобо ё модару модаркалонатон азоби захми меъдаро аз сар гузаронида бошанд, хавфи ба ин беморӣ гирифтор шудани шумо ва фарзандонатон ба миён меояд.
5. Вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва бемориҳои системаи эндокренологӣ.
Намудҳои захми меъда
Захми меъда вобаста ба ҳаҷмаш чанд намуд мешавад.
1. Захми хурди меъда, ки андозааш тақрибан 5 мм мебошад.
2. Захми миёна, ки андозааш 5-10 мм мебошад.
3. Захми калон, ки андозааш 11-30 мм мебошад.
4. Захми азим (гигантский) бо андозаи аз 31 мм калонтар
Нишонаҳои беморӣ
Нишонаи асосии захми меъда ин дарди шадид аст. Захм ба тозагӣ пайдо шуда бошад, дард баъди хӯрдани хӯрок пайдо шуда, бо нӯшидани каме оби гарм мегузарад. Маъмулан пас аз хӯрдани хӯрокҳои хамирӣ ва тезу тунду шӯр меъда ба дард медарояд ва дар сурати даст кашидан аз чунин ғизоҳо дард худ аз худ гум шуда, одам худро комилан солим эҳсос менамояд, вале ин хомӯшӣ муввақатист. Пас аз чанд вақт дард боз авҷ мегирад ва ҳазми хӯрок торафт душвортар мегардад, чунки низоми кори узв аллакай вайрон шуда, акнун захм бо дарди шадидтар аз худ дарак медиҳад. Нишонаи дуюми захми меъда тез-тез ба зардаҷӯш гирифтор шудан буда, мариз оруқ мезанад ва дар даҳони худ тамъи туршмазаеро эҳсос мекунад.
Аломатҳои дигари захми меъда инҳоянд:
1. Пайдо шудани сӯзиш ва дард дар қафаси сина
2. Дилбеҳузурӣ ва майл ба қайъ кардан
3. Эҳсоси вазнинӣ дар меъда
4. Тез сер шудан аз хӯрок
5. Гум шудани иштиҳо (апетит)
6. Сахт шудани дарун
7. Ҷамъшавии бод ва дамиши шикам
Меъда дард кунад, фишор баланд мешавад?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД