arzon replenishment
Зан 3 шавҳар кунад ба дузах меафтад?
2651


Мо як гурӯҳи калони занҳои хонашин чанд вақт боз сари як мавзӯъ баҳс карда истодаем. Яке аз занҳое, ки ҳамнишини мост, мегӯяд, ки агар зан аз се шавҳар ҷудо шуда, бори чорум никоҳ кунад, зиндагиаш ҳалол аст, вале рӯи ҷаннатро намебинад.

Ин зан китоби “Фазоилаъмолро” дар тасдиқи суханҳояш далел меорад, вале мо ба гуфтаҳои ӯ чандон бовар надорем. Фаҳмидан мехоҳем, ки андешаи ин зан аз нигоҳи дини мубини ислом ягон асос дорад ё не?

Хонандаҳои “Оила”.

Посух
Дар китобҳо андешаҳои гуногуни олимон вуҷуд доранд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин гуфтаҳо мақбул ва дастури шаръӣ ҳастанд. Ҳазрати Абдуллоҳ Ибни Аббос (р.з) шоҳи муфасирин ба мақбараи Пайғамбари (с) ишора карда гуфтаанд, ки ба ҷуз қавли Паёмбар (с) дигар ҳама ақвол қобили қабул ва радро дорад. Чуноне аз таърихи Паёмабар (с) маълум мегардад, ба ҷуз Оишаи сидиққа (р.з) боқимондаи ҳамсаронашон бевазан ва ҳатто соҳиби фарзанд буданд. Пайғамбар (с) дар шаби меъроҷ гуфтанд, ки дидам аксари аҳли ҷаҳаннам аъзб, (яъне зани бешавҳару марди беҳамсар) буданд. Ишора ба ин аст, ки Худованд мардро барои зан, занро барои мард офаридааст, ҳар як инсон то лаҳзаҳои охири худ ҳамсар дошта бошад. Ин ҳадиси Пайғамбар аст, ки ба гуфтаи он олим ба ин ҳадис таззод дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД