sebiston july new
Зан агар гарданбанд хоб бинад...
3047

Салом! Мегӯянд, ки хоб як навъ пайк ё пағомест аз олами ғайб ва агар онро дуруст таъбир карда тавонӣ, аз бисёр ҳодисаву рӯйдодҳои ҳаёти худ пешакӣ огоҳ мешавӣ. Ман дишаб хоб дидам, ки ба гарданам ганданбанди тиллоӣ баста истодаам. Мехостам таъбири хобамро донам.

Сарвиноз, хонанда аз ноҳияи Балҷувон

Аслан гарданбанд, дастпона, гӯшвору ангуштарин ва дигар ороишоти тиллоӣ дар хоб фоли нек ва рамзи муносибатҳои ошиқона мебошад. ХМасалан, агар хоб бинед, ки ҳамсаратон ба шумо дастпона ё гарданбанди тиллоӣ туҳфа кардааст, ин нишонаи зиндагии хушбахтона бо ҷуфти худ аст, вале дар хобатон мард ё зани ношинос ба гардани шумо гарданбанд бандад, чандон хуб нест. Чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки байни шахси хобдида ва шавҳар ё дӯстдоштааш аз рӯйи рашк ҷангу ҷидол сар мезанад ё ягон нофаҳмие ба миён омада, муносибатҳояшон хеле бад мешавад.

Агар духтари муҷаррад хоб бинад, ки ба гарданаш гарданбанди тиллоӣ андохтааст, бахти худро пайдо карда, ба марди сарватманд ва зебою меҳрубону дасткушод ба шавҳар мебарояд.

Зани шавҳардор хоб бинад, ки гарданбанди ӯро зани дигар ба гардани худаш баста истодааст, шавҳараш зани дигар мегирад ё ба ӯ хиёнат мекунад. Аммо, агар зани аз шавҳараш ҷудошуда хоб бинад, ки ба ӯ гарданбанди тиллоӣ ҳадя кардаанд, дар ҳаёташ марди дигаре пайдо шуда, дубора оила бунёд менамояд.

Хоб бинед, ки барои касе гарданбанди тиллоӣ харида истодаед, дӯсти нав пайдо мекунед. Таъбири дигари ин хоб он аст, ки барои харидани чизҳои қиматбаҳо саросема нашавед, зеро дар пеш шуморо “кризис”-и молиявӣ интизор аст.

Мард гарданбанди тиллоӣ хоб бинад, дар зинаҳои мансаб боло рафта, соҳиби пулу мол ва обрӯю нуфуз мегардад. Дар хобаш мард агар ба гардани зане гарданбанди тиллоӣ бандад, бо он хонум оиладор шуда, зиндагии хушбахтона ба сар мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мадина 2023-07-11, 20:42
Зани хомила гарданбанд хоб бинад
Посух
Гулнора 2023-08-07, 11:02
Салом ма зан хастам хомила 4 фарзандро интизорам нав хабардор шудам ки хоммлам дар хоб дидам ки яг зан тавалуд дора ва у одам нест вай хайвонаст мебинам яг саги сиёх тавалуд мекуна ва ма дар бараш нишаста нигох мекунам хайрон мешавам чи мано дорат чавобашро ба ман гуед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мадина 2023-07-11, 20:42
Зани хомила гарданбанд хоб бинад
Посух
Гулнора 2023-08-07, 11:02
Салом ма зан хастам хомила 4 фарзандро интизорам нав хабардор шудам ки хоммлам дар хоб дидам ки яг зан тавалуд дора ва у одам нест вай хайвонаст мебинам яг саги сиёх тавалуд мекуна ва ма дар бараш нишаста нигох мекунам хайрон мешавам чи мано дорат чавобашро ба ман гуед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД