35 years of independency
Падари ман келини бой мехоҳад
13.09.2026
Oila.tj
193

Салом хонандагони азиз! Ман ҷавони 23-сола ҳастам ва мехоҳам дар бораи як мушкили зиндагиям ба шумо нависам.

Ману се бародарам дар оилаи камбизоат ба воя расидаем. Аз хурдӣ дар хонаҳои мардум мардикорӣ мекардем. Падарам моро ҳатто рӯзҳои моҳи Рамазон шабона ба заминҳои дигарон мебурд, то барои ризқу рӯзӣ шоливу гандум ва алаф даравем. Дар деҳаи мо он вақт меҳнат кардан барои дигарон ҳеҷ гоҳ нанг набуд. Баръакс, касе, ки меҳнат мекард, эҳтиром дошт. Ман аз он рӯзҳо шарм надорам, зеро ҳамин заҳматҳо маро ба зиндагӣ омода карданд.

Ҳоло мо чор бародар калон шудаем ва ҳар кадом соҳиби зиндагии худ ҳастем. Ман фарзанди хурдии хонадон ҳастам. Падарам солҳои зиёд азоб кашидааст ва шояд аз ҳамин сабаб мехоҳад ояндаи маро осон бинад.

Ӯ ҳамеша ба ман мегӯяд:

- Писарам, духтари ягон шахси сарватмандро ба занӣ бигир. Он гоҳ дар рӯзҳои душвор пуштибони ту мешавад».

Ман суханони падарамро мефаҳмам, вале бо андешаи ӯ розӣ нестам. Ба назари ман, издивоҷ бояд пеш аз ҳама бар меҳру муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёбад, на ба дороии падару модари арӯс.

Аз ҳама бештар аз он метарсам, ки агар бо духтари сарватманд издивоҷ кунам, рӯзе ӯ маро таҳқир карда гӯяд:

- Агар падари ман намебуд, ту касе набудӣ». Ман намехоҳам дар зиндагии оилавӣ худро қарздор ё паст ҳис кунам.

Намедонам чӣ гуна ба падарам фаҳмонам, ки барои ман сарватманд будани хонадони арӯс муҳим нест. Ман мехоҳам ҳамсаре дошта бошам, ки маро барои худи ман дӯст дорад ва дар зиндагӣ ҳамроҳам бошад.

АМИН, н. Фархор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД