sebiston july new
Зан аз марди номаҳрам Қуръон омӯзад гунаҳкор мешавад?
997


Ман мехоҳам хондани китоби муқаддаси “Қуръон”-ро омӯзам. Аз байни онҳое, ки мешиносам, фақат як марди ҳамсоя таълим дода метавонад, вале он мард ба ман номаҳрам аст.

Оё дар назди шахси номаҳрам омӯхтани “Қуръон” мумкин аст?
Аслия, ш. Бӯстон.

           Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, ин хуб аст, шумо азми омӯхтани “Қуръон” -и муқаддастро доред. Вале омӯзиши каломи раббонӣ низ қонуниятҳои худро дорад. Зан наметавонад дар назди марди номаҳрам нишаста, дарс хонад. Зан бояд аз маҳрами худ Қуръон биёмўзад ва онро ёд бигирад, на аз марди номаҳрам. Бинобар ин, шумо барои омӯхтани китоби муқаддас ба ягон зан муроҷиат кунед, агар дар байни мардони ба шумо маҳрам нафари таълимдиҳанда набошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД