goodwell
Зан барои фолбинӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд
52

Зан барои фолбинӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як сокини 66-сола бо гумони машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бар ивази маблағ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, 22-юми октябри соли 2026 зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шудааст, ки Раҳимова Шарафнисо Абдумавлоновна, сокини ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия, дар манзили истиқоматиаш ба фолбинӣ машғул будааст.

Ба иттилои манбаъ, худи номбурда гуфтааст, ки аз соли 1995 ба ин сӯ қобилияти пешгӯии ояндаро пайдо карда, тавассути доира фолбинӣ мекардааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати ӯ тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД