goodwell
Зане, ки аз ҳар ангушташ ҳунар мерехт
95

Ҳунарманди донишманду хоксор
Бонувони тоҷик аз қадимулайём бо ҳунару истеъдоди худ шуҳрат доранд. Онҳо аз замонҳои қадим ба тоқидўзӣ, рўймолдўзӣ, қуроқдўзӣ, кашидадўзӣ, гулдўзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, кордсозӣ ва ҳатто оҳангарӣ машғул шуда, ҳунари волои худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Фирўза Шодиева аз ҷумлаи чунин бонувони пурҳунару соҳибзавқ буд.
Фирўза Шодиева соли 1967 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, дар ҳамин муҳит ба воя расид. Бобояш заргар ки буд  Фирўза аз овони кўдакӣ ба ҳунармандӣ шавқу рағбати зиёд пайдо кард. Нозукиҳои ҳунари заргариро аз бобояш омўхта, бо истифода аз филизоти гуногун ҳалқа, ангуштарин, гарданбанд ва дастпона месохт. Маҳсули дастони онҳоро на танҳо аз Истаравшан балки аз дигар шаҳру ноҳияҳои китшвар харидорӣ мекарданд.   Ин ба Фирўза барои боз ҳам хуб омўхтани ҳунари заргарӣ такон мебахшид. Аз ин рў, аз  овони ҷавонӣ ба пешаи заргарӣ дил баст. Ӯ бо меҳнати ҳалол ва завқи баланди ҳунарӣ аз филизоти қиматбаҳо зеварҳое меофарид, ки нозукӣ, зебоӣ ва анъанаҳои миллиро таҷассум мекарданд. Ҳар як офаридааш  намунае аз фарҳанг ва ҳунари мардумии тоҷик ба шумор мерафт.
Дар баробари заргарӣ, Фирўза Шодиева дар ҳунари тоқидўзӣ низ маҳорати баланд дошт. Тоқиҳои офаридаи ў бо гулдўзиҳои нафис, рангҳои зебо ва нақшу нигори миллӣ оро ёфта, завқи баланди ҳунарӣ ва муҳаббати ўро ба фарҳанги ниёгон инъикос мекарданд. Ӯ ҳамеша мекўшид, ки ҳунарҳои мардумӣ аз насл ба насл гузашта, арзиши худро нигоҳ доранд. Фирўза   ба хаттотӣ низ машғул буд. Ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро бо хатти зебои форсӣ  дар дафтарҳо китобат мекард.
Сад афсўс Фирўза Шодиева  бармаҳал аз олам даргузашт. Имрўз ў дар қайди ҳаёт нест, вале ҳамчун ҳунарманди асил, заргари моҳир, тоқидўзи чирадаст, хаттоти соҳибзавқ ва инсони хоксору фурўтан ҳамеша  дар қалби дўстону пайвандон ҷовидона боқӣ мондааст.
Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурў рафтану нагдохтан аст.
Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,
Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.
            Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД