Sebiston new 2024 october
Зани дуюм гирифтани марди бе хона равост?
4045

 Шавҳарам нияти гирифтани зани дуюмро дорад, вале барои ману фарзандонам оддитарин шароитҳои зиндагиро фароҳам оварда наметавонад. Мо иҷора мешинем. Дар ин ҳол шавҳари ман ҳақ дорад, ки боз як зани дигар бигирад? Умуман, барои зани дуюм гирифтан мард бояд чӣ корҳоро ба анҷом расонад?

Мутрибаи Истаравшанӣ

Посух

Дузанагӣ, аниқтараш бисёрзанагӣ дар ислом дар он сурат иҷозат дода мешавад, ки мард тавони молӣ дошта бошад ва адл карда тавонад. Худованд додани нафақа ва таъмини дигар заруратҳои зиндагии занро ба зиммаи мард фарз гардонидааст. Таъмин кардани зану фарзандон бо хурду хӯрок ва маскан барои мард қарз аст. Танҳо дар сурати соҳиби манзил гардонидан ва тамоми шароитҳоро фароҳам овардан мард метавонад зани дуюм бигирад, вале дар ҳамон ҳолат ҳам набояд ба беадолатӣ нисбати яке аз хонумҳояш роҳ диҳад. Зани якумро хору зани дуюму сеюмро эрка кардан мумкин нест, чунки мардон фардои қиёмат барои зану фарзандонашон дар назди парвардигор ҷавоб хоҳанд гуфт. Ба назари ман шавҳари шумо, ки ҳатто аз уҳдаи таъмини як ҳамсар намебаромадааст, набояд зани дуюм гирифта, бори гуноҳи худро вазнинтар насозад. Беҳтараш бо як зан қаноат намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ассия 2019-07-04, 13:13
Гирифтани зани дуюми сеюм барои мардхои точик ба модда даромадааст.Он пуле ки сарфаи зани дигар мекуни оилаатро таьмин кун,ё модаратро ба хач равон кун е ятимеро кумак кун.Коре хайре кун савоб зиед аст,то нафаре дигареро бадбахт кардан.Хеч зан намехохад зани дувуму севум бошад ин аз ночории зиндагист ки имруз сарвари давлат бароятон додааст.Ин хама аз бекориву бепули кор накардани майнаи сари инсон.Агар манд аз субх то шом мехнат кунад хаста шуда ояд он вакт хамон як зан хам ба чашмаш намерасад.Дилам барои мардуми точик месузад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД