sebiston july new
Зани лабдарозтарини дунё
1503

 

Зебосанами 20-солаи африқоӣ Атайе Элигидагне лабҳои дарозтарин дар ҷаҳон дорад. Ин бону се соли умри худро барои дароз кардани лабҳояш сарф кардааст. Дар сӯрохии лаби поёнии Атайе диски паҳмияш 19,5 сантиметраро бе малол ҷойгир кардан мумкин аст. Акнун Атайе на танҳо дар Африқо, балки дар тамоми ҷаҳон бо лаби дарозтаринаш ҳамто надорад. Анъанаи дароз кардани лабҳо дар баъзе қабилаҳои африқоӣ то ҳанӯз давом дорад. Яке аз сабабҳои лабҳои худро дароз кардани духтарони африқоӣ дар он аст, ки ҳар қадаре лаби духтар дароз бошад, ҳамон андоза падараш барои ба шавҳар баромадани ӯ гови зиёдтар ҳадя мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД