Ғуломи зан
Ман дар Афғонистон кору зиндагӣ мекардам, ба номзадам хонадор шудам, Наҷмияро каси дигар ба занӣ гирифт. Амакам ғайри Ҳобил як писар ва як духтари дигар дошт, онҳо ҳангоми дар Афғонистон будани Ҳобил кам-кам бо мо дар иртибот буданд. Баъди ба Тоҷикистон омадан, писарамакам тамоман аз хешу табораш иртиботашро канд, танҳо ман бо коре ба Тоҷикистон омада, аз аҳволи онҳо хабар мегирифтам. Ман бо чашмони худам медидам, ки Ҳобил ба ғуломи занашу хешу табори ӯ мубаддал гаштааст. Ҳатто намепурсид, ки авҳоли падару модари пирам чӣ хел аст?
Ман ҳар гоҳи ба Тоҷикистон омадан савғо мехаридаму ба амакам мегуфтам, ки Ҳобил фиристод. Ӯ ашки чашмонашро пинҳон аз ман пок карда, сар меҷунбонду халос…
Бояд бигӯям, ки Зумайрову Ҳобил маро бисёр хуб қабул мекарданд, ман ки Ҳобилро бо ҳама ноодамгарияш дӯст медоштам, ҳар гоҳи ба Тоҷикистон омадан дар ҳавлии онҳо иқомат мекардаму аз аҳволаш бохабар мешудам. Бародарам барои занаш ҳавлие сохта буд, ки дар тасвираш қалам оҷиз мемонад. Духтаронаш қад кашида ба воя мерасиданд ва маълум буд, ки падарро он қадар писанду манзур намекунанд. Зумайро низ ба Ҳобил он қадар меҳр надоштанашро маълум мекард, аммо Ҳобил байни ҳар суханаш “Зумайроҷон ин ту кард, Зумайр ун ту кард” гӯён ғуломи зан буданашро дар назар аён мекард…
Дарди бедаво
Ман оқибат таклифи як дӯсти хонаводагиямонро қабул карда, барои иқомат ба Канада рафтам. Он ҷо дар клиникаи шахсие ҳамчун духтур кор мекардаму зану фарзандонамро низ ҳамроҳ бурдам. Бо пайдо шудани телефонҳои ҳамроҳ зуд-зуд бо хешу таборон дар тамос мешудам, бо Ҳобилу Зумайро низ. Аз хешовандон шунидам, ки пас аз шунидани фавти падару модараш низ Ҳобил ҳатто барои фотеҳахонӣ наомадааст.
Аз ин кирдори зишти бародарам косаи сабрам лабрез гашту ба ӯ занг задам, ки оқибат ҳама гапи дар дилам нуҳуфтаро бигӯям, аммо телефонро Зумайро бардошта, гуфт:
- Меҳрдодҷон, акаатро ҷарроҳӣ карданд. Яку якбора чашмонаш хира шудан гирифтанд, имрӯз ҷарроҳӣ кардем…
Пас аз ҷарроҳӣ ҳам ҳоли Ҳобил беҳ нагашт. Зуд-зуд зангаш мезадам ва ӯ мегуфт, ки кӯр шуда истодаам…
Ҳодисаи ба сари бародарам омадаро ба ҳамкоронам гуфтаму онҳо ба ман суроғаи як табиби хубро доданд. Бо табиби яҳудӣ маслиҳат кардаму ӯ барои муоинаи бародарам розӣ шуд, ба Ҳобил занг зада ӯро ба Канада даъват кардам. Бо ёрии шиносҳо дар муддати кӯтоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро тахт кардему Ҳобил ба Канада омад.
Духтур баъди муоина гуфт, ки дард хеле кӯҳна шудааст, бар замми ин ҷарроҳӣ низ хуб нагузаштааст, аз ин рӯ ман коре карда наметавонам. Шояд барои хотири дили бемор буд, ки чанд қатра навишт…
Ҳобил ду моҳ бо ману оилаи ман монд, баъд ҳарду якҷоя ба Тоҷикистон сафар кардем…
(Давом дорад)
МЕҲРДОД,
Таснифи Нисо ХОЛИД