Commerc banl
Зани занҷирбанд (ҚИСМИ 1)
765

Зулола ба синни 29 расиду касе ба дари хонаашон ба хостгорӣ наомад. Аз фикри бебахтӣ ғамгин мешуду дар танҳоӣ зор-зор мегирист.

Рӯзе ҳамсояи меҳрубонашон холаи Меҳрӣ гуфт, ки як хеши дурашон зангир аст, агар Зулола розӣ бошад, онҳо ба хостгорӣ биёянд. Падари Зулола ҳатто напурсид, ки ин ҷавон кисту чикора аст, бе гуфтугӯ ба ин таклифи ҳамсоя розӣ шуда, гуфт:

- Марҳамат, биёянд, ман ба бахти духтари калонсолам зомин шуданӣ нестам.

Хостгорон омаданд. Акси ҷавони зангирро ба Зулола нишон доданд. Бисёр ҷавони зебову ситорагарм буд. Зулола бо як дидан ошиқи шавҳари оядааш шуд. Он лаҳзаҳо Зулола ҳатто таваҷҷуҳ накард, ки ин ҷавон зан дорад ё не. Зуд аз пайи фотиҳаву тӯй шуданд.

Баъди ду ҳафтаи хостгорӣ тӯйи хоксоронае ороста, зану шавҳар шуданд. Анвар ҳам Зулоларо бо як дидан мақбул карду аз интихоби падару модараш ҳеҷ афсӯс нахӯрд.

Онҳо хеле сарватмандона мезистанд. Дар ҳавлии дуошёнаи боҳашаммат Зулола худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекард. Аз бахту тахташ ҳазорон бор розӣ буд. Анвар ҳам аз нигоҳи аввал ба ҳамсараш дил бохта, ӯро дӯст медошту меҳрубонӣ мекард. Вале аз ваҷоҳаташ аён буд, ки доимо аз чизе хавотиру ҳаросон аст. Хусуру хушдомани Зулола ҳам доимо хавотиру парешон буданд, гӯё чизеро аз келинашон пинҳон медоштанд.

Зулола аз субҳи солеҳон бедор шуда, ҷорӯб ба даст ҳавлиҳои калонро мерӯфт. Хидматгори хонавода - зани миёнасол ҳар рӯз аз соати ҳашт ба хонаи онҳо меомад. Ин субҳ ҳам Зулола ороставу пероста ба саҳни ҳавлӣ баромаду ба ҳавлирӯбӣ оғоз кард. Ногаҳон аз ошёнаи дувум садои маҳини занона ба гӯшаш расид, ки паст-паст суруд мехонд.

- Тавба, ин садои радио бошад?

Зулола ҳавлирӯбиро қатъ карда, ба садо гӯш андохт. Аммо садои сурудхонии занона хомӯш шуд.

... Ҳм... ин ҷо чӣ сирре бошад, ки маро барои баромадан ба меҳмонхонаи дувум ошёна иҷозат намедиҳанд?

Ба ёди Зулола расид, ки ҳангоми дар таги чодар буданаш шавҳараш оҳиста ба гӯшаш гуфт: «Агар хоҳӣ, ки дар хонаи мо қадру қимат дошта бошӣ, ба меҳмонхонаи ошёнаи дувум ҳаргиз намедароӣ».

Он лаҳза арӯси нав аз ин суханони шавҳараш чизе нафаҳмида буд. Акнун ин субҳ дарк кард, ки паси ин суханони Анвар сирре ниҳон аст.

- Чӣ асрор бошад дар ин утоқ? Ин утоқи меҳмонхонаро ба ғайр аз хусуру хушдоманаш хидматгорзан ҳам тоза мекунад ку. Як пурсам чӣ? Э не... он гаҳ... не, беҳтараш намепурсам.

Аммо кунҷкобиаш боло гирифту дар танҳоӣ аз хидматгорзан оҳиста пурсид, ки «апаҷон, илтимос дар бораи саволи ман ба касе чизе нагӯед, аммо ман ин субҳ ҳангоми ҳавлирӯбиам аз ошёнаи дувум садои занонаро шунидам, ки суруд мехонд. Ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст».

- Ба назарат намудагист, духтарам. Меҳмонхонаи калони барҳаво аст барои меҳмонони мансабдори шавҳару хусурат. Аммо ту беҳтараш дар ин бора хомӯш бош, вагарна дар ин хонавода дер намепоӣ.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД