Commerc banl
Зани занҷирбанд (ҚИСМИ 2)
361

Хидматгорзан хост бигӯяд, ки пеш аз ту як арӯси дигар низ аз сирри хонаводагӣ бохабар шуду ӯро пеш карданд, аммо боз хомӯшӣ сад тило гуфта, калимае ба забон наовард.

Зулола ҳам ин воқеаро фаромӯш карду аз паси зиндагиаш шуд. Аммо як гӯшаи дилаш сиёҳ буд, дилаш гувоҳӣ медод, ки ӯро пешомади нохуше интизор аст. Шабона шавҳараш баъди хоб рафтани ӯ ба куҷое мерафту қарибиҳои субҳ бармегашт. Хушдоманаш бошад, дари роҳрави рости тарафи ҳамон меҳмонхонаро қулф карда, назорат мекард, ки мабодо Зулола ба он тараф наравад. Зулола хӯрок пазад, доимо хушдоманаш таъкид мекард, ки хӯрокро зиёдтар пазад.

Вақти либосшӯйӣ назари Зулола ба либосҳои оростаи занона афтод, ки дар андоза ба хушдоманаш мувофиқат намекард. Дили Зулола якбора ғамгин шуда, зери лаб ба худ гуфт:

- Ин либосҳои фасону замонавии танг аз кӣ бошад? Тавба, дар ин хонавода чӣ сирре бошад, ки аз ман пинҳон медоранд? Худоё, сабрам бидеҳ.

Шабе баъди аз ҷогаҳи хоб бархоста рафтани Анвар, Зулола зуд аз бистараш хесту аз пайи ӯ оҳиста поида рафт. Дид, ки Анвар ба ошёнаи дувум мебарояд. Зулола ҳам нӯг-нӯги по қадам монда, ба ошёнаи дувум баромад. Дари меҳмонхонаро кушода, Анвар ба утоқ даромад. Садои занона аз утоқ баланд шуд, ки мегуфт:

- Омадӣ, шоҳи ман!?

- Омадам, Гулиҷон, ин қадар азобам додӣ.

Ин лаҳза дарро аз дарун қулф карданду дигар Зулола садои онҳоро нашунид. Гирёну нолон ба ошёнаи аввал фаромад. То субҳ гирист аз бахти ноосудааш.

- Худоё, ин чӣ сирре буд? Аз ин бармеояд, ки шавҳари ман зани пинҳонӣ дорад. Аммо, чаро пинҳонӣ? Аз кӣ метарсад? Чаро маро ба занӣ гирифт? Ба хотири чӣ? Агар ҳозир биёяд, пурсам, шояд маро талоқ кунад. Он гаҳ бо кадом обрӯ ба хонаи падар меравам? Нав арӯсиамро ду моҳакак шудааст. Пирдухтар шуда ба шавҳар баромадам. Не… хомӯширо пеша мекунам, худоё, сабрам деҳ, то фикри ноҷо накунам. Шояд худи Анвар рӯзе ба ин гуноҳаш иқрор хоҳад шуд. Шояд...

Аз ҳамон шаб сар карда Зулола хаёливу хотирпарешон шуд. Ба меҳрубониҳои шавҳараш аҳамият намедод. Ҳушу ёдаш ба ҳамон меҳмонхона банд буд.

Боре хушдоманаш пурсон шуд, ки келинҷон, чаро авзоят ноҷо аст, аз ягон кас ранҷидаӣ?

- Не, холаҷон, ҳамааш хуб аст. Фақат сарам дард мекунад.

- Як ба духтури занона туро барам? Баногоҳ ҳомила нашуда бошӣ?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД