formula
Занҳо дар 8-март чӣ туҳфа гирифтан мехоҳанд?
1087


Инак 8-уми март ва “Рӯзи модар” ҳам фаро расид. Имрӯзҳо мардон дар такодави харидани туҳфа барои модар, ҳамсар, духтар ва дигар бонувони барояшон азиз ҳастанд.

Тӯҳфа додан суннати нек буда, натанҳо боиси болидагии хотири шахси туҳфагиранда мегардад, балки меҳру муҳаббатро зиёд намуда, дилҳоро ба ҳам наздик месозад. Барои он ки туҳфа мақбул афтад, бояд ба орзуҳои шахсе, ки туҳфаро барояш мехаред, мутобиқат намояд.
Аз ин лиҳоз ба хотири кӯмак расонидан ба мардон дар интихоби туҳфаҳо барои ҷинси латиф дар остонаи “Рӯзи Модар” мо бо чанд нафар бонувон ҳамсӯҳбат гаштем, то бидонем, ки ба ғайр аз гул ва суханони нек аз мардон чи туҳфаҳоро интизоранд.

Таманно Ризозода:
Ангуштарини тилло мехоҳам!

Шавҳарам бисёр марди дасткушод ва саховатманд аст ва ҳар сол ба ман ҳар хел туҳфаҳои зебо ва гаронбаҳо тақдим намуда, маро дар ҳайрат мегузорад. Боварӣ дорам, ки имсол ҳам ягон туҳфаи олиҷаноб тақдим карда, хотирамро дар рӯзи иди бонувон болида месозад. Мард ҳар қадар дарёдил ва сахӣ бошад, занаш ҳамон андоза эрка мешавад, ман ҳам ба эрка краданҳои шавҳарам одат кардаам ва имсол дар рӯзи ид аз мардакҷонам телефони мобилӣ ё ангуштарини зебои тиллоиро туҳфа гирифтан мехоҳам.

Аниса Сафарзода:
Туҳфа бояд ғайри оддӣ бошад

Дар ин рӯз ҳамаи занон аз шавҳарашон туғфаҳои ғайриоддӣ интизор ҳастанд. Ман бисёртар гули садбарги сафедро дӯст медорам ҳар сол шавҳарам ба ман як гулдастаи калони садбарг меорад. Албатта ҷонаш бо як гулдаста халос намешавад ва ҳатман боз ягон чизи аҷиб ҳадя мекунад. Имсол аз шавҳарам хирсаки калони зебо ё харгӯши зинда умедворам.

Заррина Мухторзода:
Ҳар туҳфае, ки шавҳарам меорад, беҳтарин аст!

Беҳтарин тӯҳфа барои зан эҳтиром ва меҳрубонӣ аз ҷониби шавҳар аст, вале дар баробари ин, ҳар як зан, фикр мекунам ғайр аз гул боз ҳатман тӯҳфаи хости дилашро интизор мешавад. Шахсан ман чандон эрка нестам, вале гулро интизор мешавам, чунки гул рамзи ишқ ва меҳру муҳаббат аст. Шавҳарам дар рӯзи ид дар баробари гулдаста ҳар тӯҳфае, ки орад, бароям беҳтарин аст!!!

Таҳмина Ҳалимова:
Беҳтарин туҳфа шоми ошиқона аст!

Фарқе надорад, ки чист, тӯҳфа тӯҳфа аст! Муҳимаш тӯҳфае, ки мард ба зан медиҳад, аз сидқи дил бошад. Ман ба қиммати он коре надорам. Имсол аз шавҳарам умед дорам барои ман як шоми ошиқона туҳфа мекунад. Беҳтарин тӯҳфа ҳамин аст.
                                                  Меҳрангез Яъқубзода:
"Чалаву гушвори зебо умедворам"

Шавҳарам ҳамасола ғайр аз тӯҳфа кардан боз маро ба ягон тарабхона ба шоми ошиқона мебарад, ки бисёр хотирмон мегузарад. Имсол ба ғайр аз шоми ошиқона аз шавҳарам боз маводҳои ороишӣ, чалаву гушвори зебо умедворам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД