goodwell
Занон, иқлим ва амнияти об: дар Душанбе Форуми занон дар соҳаи об баргузор гардид
28.05.2026
Oila.tj
142

Дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe-и шаҳри Душанбе Форуми занон дар соҳаи об баргузор гардид, ки дар доираи Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ ташкил шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби консорсиуми ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшн ва АКТЕД амалӣ мегардад.

Форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ ва коршиносӣ, бахши шаҳрвандӣ ва занони роҳбареро, ки дар соҳаҳои захираҳои обӣ, экология, илм, рушди устувор ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ба ҳам овард. Мавзуи асосии чорабинӣ робитаи мутақобилаи байни амнияти об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва нақши рӯзафзуни занон дар идоракунии тағйироти экологӣ буд.

«Об ва иқлим падидаҳои ҷудонашаванда мебошанд. Имрӯз масъалаҳои ҳифзи захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муттаҳид сохтани кӯшишҳои давлат, ҷомеаи коршиносӣ, шарикони байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунанд»,- иброз дошт зимни ифтитоҳи форум Шарифзода Гул Ваҳоб, муовини сардори Раёсати захираҳои обии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин, муовини роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Франсиска Вогтли бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Ӯ таъкид кард: «Дар тӯли беш аз даҳ соли татбиқи лоиҳа мо натиҷаҳои воқеиро мушоҳида мекунем - шумораи бештари занон ба идоракунии захираҳои обӣ ҷалб гардида, ба қисми ҷомеаи касбӣ табдил меёбанд. Дар оянда таҷрибаҳои муваффақи лоиҳа метавонанд тавсеа ёфта, дар дигар кишварҳои минтақа низ истифода шаванд».

Дар навбати худ, Сулҳия Ҳайдарова, роҳбари ХЕЛВЕТАС муҳимияти иштироки фаъоли занонро дар равандҳои идоракунӣ ва қабули қарорҳо таъкид намуда, гуфт: «Сиёсати давлатӣ ба ҷалби васеи занон ба ҳамаи равандҳои идоракунӣ равона шудааст. Танҳо аз худи мо вобаста аст, ки ояндаи кишвари мо ва фарзандонамон бо иштироки мо муайян мешавад ё бидуни мо. Мо бояд дар қабули қарорҳо фаъол, масъул ва ҷасур бошем, зеро маҳз иштироки занон рушди устувор, босубот ва ҳаматарафаи ҷомеаро таъмин менамояд».

Дар ҷараёни форум ба иштирокчиён Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ муаррифӣ гардид, ки ба пешбурди муносибати устувор ва фарогир ба идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Дар доираи форум диққати махсус ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба хатарҳои табиӣ, сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона гардид. Ҷаласаи аввалини панелӣ ба иштироки занон дар таҳқиқоти глясиологӣ ва мониторинги равандҳои иқлимӣ бахшида шуд. Иштирокчиён нақши илм, таҳқиқоти саҳроӣ ва таҳлилҳоро дар ташаккули сиёсати устувори иқлимӣ баррасӣ карданд.

Дар доираи форум ҳамчунин масъалаҳои пешбурди нақши занон дар соҳаи об, идоракунии экологӣ ва қабули қарорҳо баррасӣ шуданд. Иштирокчиён таъкид карданд, ки рушди устувор бе иштироки фаъоли занон дар фаъолияти коршиносӣ, илмӣ ва идоракунӣ имконнопазир аст.

Ҷаласаи хотимавии панелӣ ба масъалаҳои амнияти об ва нақши занон ҳамчун агентҳои калидии тағйирот дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ бахшида шуд. Иштирокчиён таҷрибаи амалии кори худро бо ҷомеаҳо тавассути кори ҳамширагӣ, ташаббусҳо дар самти устуворӣ ва лоиҳаҳои баланд бардоштани устувории иқлимии аҳолӣ мубодила карданд.

Дар форум инчунин намоишгоҳи бадеии асарҳои рассомони маҳаллӣ, ки ба мавзуи об, иқлим ва ҳамкории инсон бо табиат бахшида шудаанд, доир гардид. Намоишгоҳ мубоҳисаи коршиносиро бо як ҷанбаи визуалӣ ва эҳсосӣ ғанӣ гардонида, аҳамияти дарки иҷтимоӣ ва фарҳангии масъалаҳои рушди устувор ва амнияти обро таъкид намуд.

Форум бо баррасии умумии қадамҳои минбаъда оид ба таҳкими роҳбарии занон, рушди ҳамкории коршиносӣ ва пешбурди идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар ҷамъбасти форум Шарифзода Гул Ваҳҳоб зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони рушдро дар ҳалли чолишҳои обӣ-иқлимӣ таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, Форуми занон дар соҳаи об як платформаи муҳим барои пешбурди муколамаи касбӣ, роҳбарии занон ва идоракунии устувори захираҳои обӣ гардид.

Ташкилкунандагон ҳамчунин таъкид намуданд, ки чунин платформаҳо ба ҳамгироии илм, сиёсат, ҳамкории байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ дар атрофи як ҳадафи умумӣ - ояндаи устувори кишвар мусоидат мекунанд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ, лутфан, дар тамос шавед:

Зураб Ҷинчарадзе, менеҷери лоиҳавии Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ, ХЕЛВЕТАС, Душанбе, кӯчаи Бухоро 2А;

e-mail: Zurab.Jincharadze@helvetas.org

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД