Сағираи беоча
Хушиҳои зиндагии ман замоне ба охир расиданд, ки модари нозанину ҷавонам дар синни сивуҳаштсолагиаш дунёро бар асари саратони қаттоли мағзи сар падруд гуфт…
Он замон нав донишгоҳро хатм карда, дар мактаби деҳаамон муаллимӣ мекардам. Модарам зиёд мехост сари маро ҷуфт карда, армон шиканад, вале марг имконаш надод. Пас аз марги модар бо ихтиёри худ ба хизмати аскарӣ рафтам. Давоми ду соли хизмат то як дараҷа тафси дард дар дили хуншорам пас гашт. Ба хона расидаму ҷойи модарам зани дигарро дида, боз захми дилам сӯзон гашт…
Мо аз модар чор нафар монда будем. Апаҳоям шавҳар доштанд. Ман аллакай ба камол расида будаму додарам бошад, дар Русия мардикор буд. Медонистам, ки бо модари угай, ки аллакай писар таваллуд карда буд, зери як бом зиста наметавонем ва дафтару китоби муаллимиямро як тараф гузошта, ман ҳам мардикор шудам. Дар як муддати кӯтоҳ бо додарам якҷоя шуда, дар як гӯшаи деҳа ду замини наздиҳавлигӣ харидем, аввал барои худам, баъд барои додарам хона сохтем. Мехостам ҳарду якҷоя оиладор шавем, вале додарам нахост. Моиндару падарам сару бар шуда духтари хушкардаамро бароям хостгорӣ рафтанд. Ҳарчанд апаҳою аммаҳо, падару моиндарам ин арӯсро намехостанд, вале ман худам Руқияро дӯст медоштам. Бо ӯ чанд сол дар мактаб як ҷо кор карда, ба ҳам аҳди муҳаббат баста будем. Ин духтараки зардинаи қоматбаланд он қадар соҳибҷамол набошад ҳам, диламро бурда буд...
Шоҳроҳи ҳаёт
Арӯсро ба хонаи падарӣ фаровардам ва чиллаи арӯсиямонро дар ҳамин ҷо гузаронидем. Руқия субҳ дер аз хоб хеста, саросема ноштои тайёр намудаи моиндарамро хӯрда ба кор мешитофт ва бегоҳ ба хона бармегашт. Ӯ дасташро ба кори хона намезад.
Як шом нохост суҳбати моиндару падарамро шунидам, моиндарам ба падарам мегуфт:
- Мардак, ман барои писари ту душман менамоям, аммо намедонам ҳоли ӯ бо ин арӯси хушкардааш чӣ мешавад…
Падарам гапи занашро бурида, бо зарда гуфт, ки ҳоло хонаи худашон раванд, бало мешаванд…
Ман ба ҷойи андеша кардан, зани падарамро дар дил мазаммат кардам, ки зани маро чашми дидан надорад. Як ҳафта баъди ин гуфтугӯ ба хонаи навамон кӯчидем…
Руқия акнун худаш шоҳ буду таъбаш вазир, дар хона субҳона низ картошкабирёну тухмбирён буду ғизои нисфирӯзию шом низ. Ҳамсарам он қадар беҳунару чалфас буд, ки ногуфтанӣ, апаҳоям ба хона омада, ӯро насиҳат мекарданд, вале бефоида.
Бо гузашти чанд моҳ Руқия ҳомила шуду ман аз ҳамон картошкаю тухм низ мондам, акнун “дилам мешӯрад” гуён, хӯрок намепухт. Ман бо ролтону ҳасибу ҳасибча қаноат намуда, ба занам каҷ наменигаристам, охир, ӯ интизори фарзанд буд. Дар ин миён додарамро зан додем, арӯс як хеши дури худамон, духтари порсою намозхон ва панҷ панҷааш ҳунар буд. Акнун ман гоҳ-гоҳе рӯйи хӯроки бомаззаро медидам ва баъдҳо маҳсулоташро харида дода, манту, тушбера, оши туппа ё оши палав мефармудам. Руқия ба ҷойи шарм доштан ҳамроҳи ман ба хонаи додарам рафта, дулунҷа аз хӯрокҳои пухтаи арӯсаки нав, ки аз ӯ даҳ-дувоздаҳ сол хӯрд буд, нӯши ҷон мекард…
Тавлиди фарзанд
Бо гузаштани муҳлати ҳамл Руқия бароям духтараке ҳадя намуд, ки чун себи дукафон ба модари раҳматиям монанд буд. Ман ба ӯ номи модарамро мондам. Ба хотири Садафмоҳам розӣ будам, ки Руқияро болои сар бардорам. Акнун ман рӯзона дар мактаб муаллимӣ мекардаму шабона дар сохтмонҳои мардум заҳмат мекашидам, то зану фарзандам зиндагии шоҳона дошта бошанд. Зани ман деҳотӣ бошад ҳам, на нон мебасту на гову мол нигоҳ мекард, хӯрокҳояш ҳам зудпазу осонтайёркун буданд, аммо ман чизе намегуфтам.
Баъд аз яксола шудани Садафмоҳ Руқия писар таваллуд карду меҳрам нисбат ба ӯ чандин маротиба афзуд. Акнун баъзе шабҳо пинҳонӣ аз чашми ҳақу ҳамсоя либос мешустаму хонаву дарро низ тамиз мекардам, занам базӯр ду фарзандашро уҳда мекард…
(Давом дорад)
А.
Таснифи Рухсора САИД