Заҳри хиёнат (ҚИСМИ 2)
409

Чун ба зиндагии додарам менигаристам, ҳавасам мерафт. Додарам ҳар сол шаш моҳ дар Русия буд, вале занаш дар деҳа истода, баробари ӯ пул меёфт. Ӯ аз пулҳои фиристодаи шавҳараш чанд гӯсола мехариду онҳоро мепоид, боз маҳсулоти зиёдатии замину боғашро мефурӯхт. Зани боақл ки буд, сарриштаи зиндагиро ёфта буд.

Ҳавлиҳои мо бар ба бар буданду ман мушоҳида карда медидам, ки келинамон мӯрвор заҳмат мекашад, аз зани ман даҳ сол хурд бошад ҳам, писаракашро чун як модари таҷрибадор нигоҳубин мекард. Вале занамро бо ҳама камбудиҳояш дӯст медоштам ва ҳурмат мекардам, худам дар аёми ширини умрам ғами бемодарӣ дида будаму мехостам фарзандонам аз муҳаббати падару модар ба серӣ бархӯрдор бошанд...

Дарёи зиндагӣ

Беҳуда нагуфтаанд, ки то як мижжа мезанӣ, умр мегузарад. Бо гузашти солҳо занам сарфакору ҳунарманд нашуда бошад ҳам, баробари ман дар мактаб кор мекарду маошашро сарфи худаш менамуд. Дигар зиндагӣ дар гардани ман буд, кори бисёр мекардам, ғайри муаллимӣ дар сохтмони хонаи мардум ширкат доштаму боз аз боғу роғ, замини наздиҳавлигию президентиам ҳам хуб истифода мекардам. Фарзандонам мактабро хатм намуданд, духтарам майли идомаи таҳсил накард, писарамро бошад, ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил намудем. Баъдтар фаҳмидам, ки Садафмоҳи мо бо як ҷавон аз маркази ноҳия паймони муҳаббат доштаасту хостгорони ин ҷавонро бо хушнудӣ қабул намуда, онҳоро хонадор намудем.

Бояд бигӯям, ки ҳамсарам панҷ тағо дораду онҳо ҳама дар вазифаҳои масъул кор мекунанд. Яке милиса, дигаре раиси ҷамоат ва ғайра… Дар сояи давлати тағоҳои вазифадораш ӯ на қонуни танзимро тан медиҳаду на чизи дигарро. Чӣ хеле дилаш хост, пинҳонию рушод барои духтарамон ҷиҳози бисёре омода намуд, баъдтар фаҳмидам, ки ба хонаводаи домоди камбизоатамон низ пул додааст, то тӯяшонро гузаронанд. Мо қарздор шудем ва ман бо ҳамсарам маслиҳат карда, ба мусофират рӯ овардам…

Мо дар чӣ хаёлему…

Ман назди додарам омадаму ошноҳои руси пешинаамро занг зада, кор пурсидам ва баъди як ҳафта кори хубу сердаромаде ёфтам. Дар ду моҳи кориям ҳама қарзҳоямонро кандем. Бо ҳамсарам маслиҳат карда, гуфтам, ки акнун ту маошатро сарфи зиндагӣ намуда, пулҳои фиристодаи маро ҷамъ намо, то дар пойтахт як хонаи як ё дуҳуҷрагӣ харем. Ин кори ман ҳам барои амалӣ намудани орзуи занам буд, зеро ӯ ҳамеша орзуи дар Душанбе хона доштанро мекард, вагарна ҳавлию дар, боғу роғи боҳашаммати мо барои як писарамон басандаю зиёдатӣ буд.

Ҳамин тавр, як солу шаш моҳ дар Маскав будам, писарам низ се моҳи таътили тобистонаашро назди ман гузаронид ва бо ҳисоби худам пули як хонаи дуҳуҷрагиро бо ҷиҳозаш ба занам фиристода будам. Дар сохтмони ҳавлии як сарватманди рус ман бригадир будаму зери дастам понздаҳ нафари дигар кор мекарданд, барои ба итмом расидани корам се моҳи дигар монда бошад ҳам, падари бечораам занг зада мегуфтанд, ки писарам, баргард. Ман намедонистам, барои чӣ падарам қариб бо гиря аз ман хоҳиши баргаштан мекунад, чун аз занам сабаб мепурсидам, мегуфт, ки ҳеҷ чизро намедонам, падарат асп барин боқувват асту ягон мушкил нест…

(Давом дорад)

А.

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД